Бо максади баланд бардоштани сифати тахсилот ва таквияти заминаи моддию техникии муассисахои таълими тибқи талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи далвтии таъмини муассисахои таълимию илмии чумхури бо кабинетхои фанни, озмоишгохои мучахази таълими барои солхои 2018-2020» харидории 2139 кабинети фаннӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ин нуктаро Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ баён дошт. Тадбири мазкур метавонад истифодаи технологияҳои коммуникатисониро дар соҳаи маориф тавсеа бахшад. “Мавриди зикр аст, ки барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии мамлакат аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ маблағи 2 млрд. 760 млн 109 ҳазору 743 сомонӣ ҷудо гардид, ки ин нисбат ба соли гузашта 13,5 % зиёд мебошад, кайд намуд”, Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Яке аз мақсадҳои дигар тақвият бахшидани заминаи таълими онлайнӣ  гуфта мешавад, ки дар шароити дубора авҷ гирифтани  бемории сироятии Коронавирус  дар кишвар татбиқи сартосарии он амри ногузир аст. Аммо нигаронии аслӣ сари заминаи мусоид надоштани таълимоти  онлайнию фосилавӣ мебошад.

 

                                                                                            Олуфта Шарипова

Радиои “Тоҷикистон”