Ошкор гардидани 6697 ҳолати қонунвайронкунии замин дар шаш моҳ

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мегӯяд, ки lfh шаш моҳи соли равон 6697 ҳолати  вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда,  барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 6611 дастур дода шудааст. Ин нукта дар нишасти матбуотии ин Кумита имрӯз зикр гардид.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мегӯяд, ин ҳолатҳо дар ҳамкории мақомоти маҳал бо Кумитаи давлатӣ муайян шуда,  нисбат ба 6156 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ боз тартиб дода шудаааст.  Аз ин ҳисоб 2 940 763 сомонӣ  қарорҳои ҷаримабандӣ татбиқ гардидааст, ки аз он 2 348  439 сомонӣ (80 фоиз) ба суратҳисоби махсус ворид гардидааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *