Нохудои сухани сабз (лавҳа)

Туҳфанисо бештари лаҳзаҳои фароғати худро бо гўш кардани барномаҳои радио сипарӣ мекунад, аз онҳо як ҷаҳон маънӣ мебардорад, дар вуҷудаш фараҳи тозаи ҷонпарвар тавлид меёбад ва ташвишҳои рўзгорро лаҳзае ба боди фаромўшӣ месупорад. Ин бесабаб нест, зеро ў бо радио ҳамдаму ҳамроз аст, солиёни зиёд дар ин боргоҳ заҳмат кашидаву бо хулқу атвори нек дар қалби ҳампешагон мақом ёфтааст.

Барномаҳои радиоро гўш мекунаду дар хаёлаш солҳои фаъолият дар радиои Тоҷикистон падид меоянд. Соли 1968 ба сифати наттоқ ба кор оғоз кард. Ҳайати наттоқони радиои Тоҷикистон Файзулло Арабов, Субҳон Раҳматов, Бурҳон Раҳмонов, Ҳалима Насибулина, Муқаддас Расулова, Далер Абдухолиқзода, Хайруллои Иброҳим, Зулфиқор Назриев, Марҳабо Юсуфова, Севарой Қосимова, Абдурашид Хуҷамқулов,  Бобохон Сатторӣ, Саодат Ашўрова ўро бо дилгармӣ пазируфтанд. Устодони сахтгиру меҳрубон дар муддати кўтоҳ лаҳни қироати барномаҳоро барояш омўзониданд. Ҳанўз таъкидҳои пайвастаи  роҳбари гурўҳи наттоқон Файзулло Арабовро дар ёд дорад.

– Наттоқи хуб будан пешаи латиф ва ҳунари шариф аст, на ҳар ҳунарманд нотиқи хуб мешавад, ин пеша бояд бо умқи вуҷуди инсон решапайванд бошад, садои хубу гўшнавоз, дилнишину фараҳафзо аз вуҷуди инсони солиму тарбиятдида бармехезад. Меҳрроо дар дили шунаванда тавлид намудан ва тавассути овози дилнишин фараҳ бахшидан ба миллионҳо нафар одамон рисолати аслии наттоқ аст,- таъкид менамуд Файзулло Арабов.

Туҳфанисо бо гузашти айём аз Файзулло Арабов самимият, аз Ҳалима Насибулина матонат, аз Севарой Қосимова растагорӣ, аз Абдурашид Хўҷамқулов меҳнатдўстӣ ва аз Бобохон Сатторӣ дасткушодӣ омўхт. Боргоҳи радио барояш маъвои меҳр шуд, ўро чун чеҳраи ҳунар ва ровии хушсадо муаррифӣ кард, садояш бо барномаҳои иттилоотӣ, маҷаллаҳои радиоии «Субҳи пионерӣ», «Маърифат», «Тандурустӣ», «Нилуфар» (барои бонувон) меҳмони кошонаҳои мардум мешуд, ба сомеъон фараҳ ва ба ҷомеа неруи тоза мебахшид.

Наттоқе, ки худаш аз барномаи қироатнамудааш лаззат намебарад, ҳеҷ гоҳ маҳбуби дили шунаванда нахоҳад шуд гуфтани ҳамкасбаш Марҳабо Юсуповаро ҳанўз дар хотир дорад. Аз ин бонуи бомеҳри суханвар усули қироати барномаҳо, кашишҳои овоз, гузоштани задаҳои мантиқӣ, таваққуф дар қироати матнро омўхт. Ҳар барнома вобаста ба хусусиятиш тарзи қироат дорад, барномаҳои хабарӣ босуръат хонда мешаванд, радиомаҷаллаҳоро бояд  бо тааннӣ хонд, дар қироати гуфтори «Қиссаҳои шабафрўз» кашишҳои овозӣ нақши муҳим доранд,- таъкид менамуд Марҳабо Юсупова. Туҳфанисо таъкидҳои холисонаи  ҳампешагонро сармашқи кор кард ва дар муддати кўтоҳ дар байни ҳамкорон мақоми шоиста касб кард. Ин зани покизакори сухангустар самимона пешаашро дўст медошт, аз барномаҳои қироаткардааш пеш аз ҳама худаш лаззат мебурд, аз парвози баланди орзуҳояш курта-курта гўшт мегирифт. Садоқат ба кору муҳаббат ба пешаи интихобкарда баъди ба шаҳри Хуҷанд омадан низ ўро ором гузошт ва солҳои 1977 то 1982 дар радиои вилояи Суғд чун наттоқи варзида ифои вазифа карда, меҳри ин касбро дар замири даҳҳо нафар ҷавонон парваридааст.

Дар ташаккули шахсияти ин зани озодарўзгор муҳити солими оила нақши муҳим гузошт. Тақдир риштаи ҳаёташро бо узви  оилае пайваст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ маъруф буд. Усмонҷон Ғаффоров бо маслиҳати падар,  шахси зиёиву муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон Абдуғаффор Ҳасанов, модараш равонашоншод Нуринисои аҳли адаб риштаи ҳайёташро ба Туҳфанисо пайваст. Волидайни ин хонадони адабпарвар барои тарбияи аҳли оилаву фарзандон чизеро дареғ намедоштанд. Натиҷаи ғамхориву раҳнамунии неки волидайни ин оилаи фарҳангдўсту адабпарвар буд, ки Туҳфанисо дар ҷодаи касб тавфиқ ёфт, Усмонҷон ба мартабаи доктори илми таърих, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими намоёни давлатӣ расид. Писари хоксору дидадарояш Нўъмонҷон Ғаффорӣ доктори илмҳои таърих, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии  омўзгории  Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ асту духтараш Наима духтури дараҷаи олӣ буда, бо теғи ҷонбахшаш ба ниёзмандон даво мебахшад.

Суҳбати Туҳфанисо ҷонпарвар аст, таъсири суханаш чун ровии хушлаҳну наттоқи суханоро ба дилҳо кора мекунад, таҷрибаи аз зиндагӣ андўхтаи ў ниёзи ҷавонони дар арсаи ҳаёт раҳгумзадаро бароварда месозад, насиҳатҳояш чун чароғи роҳнамо ҷодаи тираи ниёзмандонро равшанӣ мебахшад.

Некӣ кардану  дасти сахо дароз намудан,  мададгори  беморону муттакои муҳтоҷон гаштан, мўнису ҳоҷатбарори ниёзмандон будан   аз хислатҳои  ҳамидаи  собиқ наттоқи  радиои Тоҷикистон, муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик, бонуи  хонадон, модари меҳрубон, ҳамсари ёрирасон Туҳфанисо  Ғаффорова ба шумор мераванд.

Ў ҳампешагони худро ба некӣ ёд мекунад, бо онҳо доиман дар тамос буда, аз вазъи рўзгорашон пайваста воқиф мешавад. Кумитаи телевизион ва радио барояш даргоҳи муқаддас аст, аз ин боргоҳ чун наттоқи сухангустар мақом ёфтаву бо мусоидати он дар ҷодаи касби мавриди назар маҳбубияти бемисл насибаш гаштааст. Барномаҳои радиову телевизионро пайваста мешунаваду тамошо менамояд, аз пешравии кори наттоқони ҷавон мамнун мегардад. Шод аст, ки насли ҷавон, алалхусус бонувон ба касби пурмашаққати наттоқӣ ва барандагӣ шавқ доранд ва бо эҳтимоми онҳо барномаҳо шавқовару нишонрас ва рангину хушовоз мешаванд.

Ў худро ҳамболу ҳамнафаси наттоқону ровиёни хушилҳони радио ва телевизион мешуморад, ба ин касб арҷ мегузорад, ифтихор мекунад, зеро пешаи наттоқӣ сухани пурвазну самимиро меписандад, одоби ҳамидаро тарғиб менамояд, ҷомеаро ба ҳамбастагиву рафоқат, суботу ваҳдат раҳнамун месозад. Сухани созандаву ҳидоятсоз ба дилҳо сурур мебахшад, қалбҳои шикастаро пайванд месозад, таъсири сухани хотирмон кинаву кудуратро аз миён мебардорад, малҳами дарди ниёзманд мешавад,- аз таҷрибаи зиндагияш хулоса мебарорад собиқ наттоқи варзидаи радиои Тоҷикистон Туҳфанисо Ғаффорова.

Оре, сухане, ки ба дарди мардум мехўрад онро «сухани сабз» меноманд. Аз садои пойи вожагони пурҳарорату диловези муассири наттоқон вуҷуди одамон сабз мешавад, аз лутфи сухан  дилҳо ба зиндагӣ гарм, аз назокаташ мушкилоти сахти рўзгор нарм мегардад. Бо таъсири сухани сабз дарахтони ҳаёт пуршукуфаву пурбор мегарданд, гулҳо дар дилҳо мешукуфанд, зиндагӣ ҷилои тоза ва меҳр мелоди нав меёбад.

Туҳфанисо зимни натиҷагирӣ аз фароянди умри хушгувор худро хушбахт мешуморад, зеро сафинаи орзуҳои ин нохудои сухан аз мавҷҳои азими баҳри пурталотуми зиндагӣ ба офият гузаштаву ба соҳили мурод расидааст.

Сухани сабз зиндагиро сабз андар сабзу пуртароват мегардонад ва дар ҳамин дунёи сабз қаҳрамони нигоштаи мо, ровии хушадо ва олиҳаи хушлиқо  Туҳфанисо бо сухани сабз, ки ҷузъи муҳимтарини рўзгораш аст, шодона умр ба сар мебарад, ҳузури давлати пириро дар худ таҷриба менамояд. Аз лабони нозукадои ин зани сухангустари озодадили покизарўзгор сабад-сабад гул мерезад. Аҷабо, ин пири гулфурўшон дар дукони бозори сухан даста-даста дастагулҳои рангоранг ва гулвожаҳои хушоҳангро ба мустамеъон ройгон тақсим менамояд, аз онҳо бўйи худшиносиву худогоҳӣ, таълиму тарбия, илму маърифат, садоқат ба меҳан, вафодорӣ ба Ватан ба машом мерасад. Садои мутантану бўйи хушгувори гулвожаҳо, ки аз лабони ҳампешаи гиромии мо сарозер мешаванд, ҳамвора фазои Ватанро муаттар ва чароғи дили сомеонро мунаввар мегардонанд.

Туҳфанисо Ғаффорова аз гулвожаҳои хушоҳанг  ба ифтихори 90- солагии радиои Тоҷикистон сабади пургули хушрангро ба армуғон овардааст, гулбуни ишқи рўҳнавозу ҷонпарвар, гулбуне, ки чашми дили бинандаву шунавандаро бо дурри маъниҳои бикр мусаххар менамояд, ба ҷомеа бо меҳр шаъшаъапошӣ мекунад ба монанди барномаҳои гуногунжанри радио.

Пири гулфурўшони радио бо сабади пургули дурри маънӣ бо шодкомӣ, масрурона ва самимияти ба худ хос моро шодбош мегўяд, шодбошие, ки дар он як олами пурасрор бо орзуҳои ширини анбариносои тутиёни шаккаршикан ниҳон аст. Ин ҷаҳони дили ҳампешаи арҷманди мо Туҳфанисо Ғаффорова мебошад, ки ошкор намудани асрори ниҳони он пажўҳиши тоза мехоҳад.

Хуш ба ҳоли он ки рўзгори худро бо гулбуни ишқи сухан ҳамово кардааст. Гулбуни ишқе, ки мояи ифтихори шахсони баору зевари рўзгори суханпардозони номдор аст бо сухани сабз сар мекашад, бақои ҷовидонӣ дорад, заволнопазир аст…

                                               Саидмуроди Хоҷазод

                                                          доктори илмҳои филология,

                           профессор

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *