Бинобар сабаби хунукназарона рафтор намудани заминистифодабарандагон имрўзҳо дар кишвар 40 ҳазору 141 гектар замин дар ҳолати мелоративиашон ғайриқаноатбахш қарор дорад. Ин дар ҳолест, пайваста сарвари давлат дар мавриди самаранок истифода буhдани замину аз он 3-4 ҳосил гирифтан ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ин гуна заминҳо таъкид менамоянд.

Шарифҷон Хоҷаев, директори Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон яке аз омилҳои аслии аз гардиши кишоварзи канор мондани заминҳои корамро дар истифодаи нодурусти заминҳои киштшаванда мебинад. Ба ақидаи ин соҳибназари соҳа беҳтар намудани ҳолати мелеоративии заминҳои корами обёришаванда, пешгири кардани шўршавии заминҳо, саривақт иҷро намудани корҳои агротехникӣ ва риоя кардани реҷаи обмонӣ ва ҷорӣ намудани киштгардон аз омилҳои аслии ба даст овардани ҳосили баланд мебошад.

Бо ҳисоби олимони хокшинос ҳамасола дар пайи коркарди нодуруст аз ҷумла бинобар сабаби истифодаи нодурусти обмонӣ аз 1 гектар замин ба хисоби миёна беш аз 600 киллограм захираи гумус  нест мешавад, ба ибораи  олимони Институти Назорати ҳолати ҷахон (Нью Йорк) то ба соли 2060-ум қабати ҳосилхези замин беш аз 960 млрд. тонна захираи гумусро аз даст медиҳад. Бояд гуфт, ки раванди ҳосилхезшавии хок хеле мураккаб ва бардавом аст. Дар шароитҳои табиӣ барои бавуҷудоии 1 см қабати ҳосилхез зиёда аз 300 сол лозим аст.  Пастшавии гумуси хок ин маънои ру ба таназзул ниҳодани қабати ҳосилхези заминро дорад.

Шарифҷон Хоҷаев-директори Иниститути хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки яке аз усулҳои паст кардани сатҳи обизеризаминӣ дар баробари барқарор намудани заҳбуру заҳкашҳо обшўй намудани замин аст. Дар ин баробар ба роҳ мондани биозаҳкашро аз усулҳои муфид медонад. «Шинонадани дарахти сафедору санҷид дар қисмати поёнии замин имкон медиҳад, ки сатҳи оби зеризамини бамаротиб коҳиш ёбад, зеро сафедор дар як шабонарўз беш аз 200 литр обро тавассути решааш ҷабида ба ҳаво бухор мекунад»-мегўяд, коршинос Шарифҷон Хоҷаев.

«Агар хоҳем, ки хоки замини мо таназзул наёбаду ба Шўршавӣ гирифтор нашавад, бояд аз обёрии қатрагӣ истифода намоем»-хулоса мекунад суҳбаташро директори Иниститути хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Вақте кишоварз аз обёрии қатрагӣ истифода мебарад, обро чанд баробар сарфа менамояд. Инчунин, барои тақсими дурусти нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ин амал хеле мусоид аст. Муҳимтар аз ҳама ин усул қабати ҳосилхези заминро намешўяд ва хоки замин таназзул намеёбад.

Муродулло Рахимов

радиои «Тоҷикистон»