Рӯзи ҷумъаи 13 июли соли 1990 дар таърихи кӯҳнавардии Шӯравӣ, ҳамчун фоҷеабортарин рӯз сабт шудааст. Дар ин рӯз дар қуллаи Ленин (ҳоло Истиқлол) дар қӯҳҳои Помири Тоҷикистон 43 нафар кӯҳнавард зери тарма монда, ҷони худро аз даст доданд. Аз миёни 45 нафар,  танҳо ду нафар кӯҳнавард ҷон ба саломат бурданд.

Дар миёни кӯҳнавардони ҳалокшуда, 27 нафар аз ИҶШС,  6 нафар аз Чехославакия, 3 нафар аз Олмон, 3 исроилӣ ва якнафарӣ аз Испания ва Италия буданд.

Фарзияи асосии сарозер шудани тармаи азим ба урдугоҳи байналмиллалии кӯҳнавардон дар пояи қуллаи Ленин, заминларза бо шиддати 7 балл дар кӯҳҳои Афғонистон, дониста мешавад.

Соли 1928 ба ин Қулла ба номи  “Ленин” номгузорӣ гардида, соли 2006 ба “Истиқлол” табдили ном кард. Он бо баландии 7 143 метр сеюмин қуллаи баландтарин дар кишвар аст.