Шарҳи матбуот: аз ҷарима барои бениқобию дурӯғ то тағйир додани муносибат бо илм ва симои модари тоҷик дар адабиёту синамо

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе дар мавриди муҳимтарин ҳаводиси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла мавриди амал қарор гирифтани тағйироти нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноӣ, таъсири пандемияи КОВИД-19 ба даромадҳои буҷаи давлатӣ барои соли 2020, баррасии сифати таълим дар мактабҳои олии Тоҷикистон ва баҳси симои нокушодаи модари тоҷик дар адабиёт ва синамои миллӣ,  матолиби ҷолибу хонданӣ чоп кардаанд.

“Ҷумҳурият”

       Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 8 июл дар сармақолаи худ бо номи “Симои Пешвои миллат дар драматургияи миллӣ” навиштааст, ки мавзӯи Пешвои миллат дар драматургияи миллӣ аз нимаи солҳои 90 – уми садаи гузашта пайдо гардида, алҳол ба як самти мушаххас табдил меёбад.

Ба навиштаи муаллиф ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, идеяҳои наҷиб ва талошҳои хастанопазирашон дар роҳи шукуфоии кишварамон, мавзӯъҳое мебошанд, ки барои драматургия ва театр аз як ҷиҳат нав ва аз ҷониби дигар хеле ҷолибанд.

Рӯзномаи  “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 7 июл матни қонунҳоро, ки президенти кишвар рӯзи 4 июл имзо кардаанд, нашр кардааст. Аз ҷумла, матни тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноӣ, ки ҳамакнун ҳукми қонунро гирифтаанд, чоп шудааст.

Тибқи тағйироти мазкур дар шароити пайдо ва паҳн шудани бемории барои инсон хавфнок,  барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоб қарор доштан,  аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима таъин карда мешавад.

Инчунин барони нашри амдии ахбори ғалат дар шароити паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст,  ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 580 то 1160 сомонӣ ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 8700 то 11600 сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад. Дар баробари ин барои паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ аз 2 то 5 сол ва дар сурати такрор аз 5 то 10 сол маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Нашрияи мазкур дар шумораи рӯзи 8 июл мақолаи профессор Аброр Мирсаидов, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро таҳти унвони “Илм. Аз миқдор ба сифат мегузарем”-ро чоп кардааст. Муаллиф дар ин матлаб навиштааст, ки ҷомеаи  муосир тақозо дорад, ки на танҳо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, балки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони соҳибунвон таъмин бошанд.

Ба навиштаи муаллиф, пеш аз ҳама бояд имрӯз тафаккуру тамоюли дарёфти дараҷаи илмӣ, ҳамчун воситаи расидан ба вазифаву мансаб шикаста шавад, зеро афроде, ки бо ин ҳадаф маҷбуран ба соҳаи илм шомил мегардад, илмро талаф медиҳад.

Хулосаи муаллиф ин аст, ки яке аз механизмҳои шикастани равандҳои номатлуб дар илм, ин баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кормандони илмӣ ва ташкилотҳои илмиву таҳсилотӣ, умуман, фароҳам овардани муҳити рақобатӣ дар майдони илм   аст.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 6 июл дар матлабе бо номи “Об. Вақте масъулият нест…”, аз мушкилоти норасоии оби полезӣ дар деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент навиштааст. Ба навиштаи муаллиф деҳаи мазкур 595 гектар замини корами обӣ дорад, вале аз набудани об қаламчаҳо хушкиданд. Нашрия аз қавли деҳқонон навиштааст: «ду – се масъул, ки омад, об ҳам меояд, вале ҳамин ки рафт, гӯё бухор мешавад».

“Садои мардум”

     “Садои мардум” – нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи 4 июл аз натиҷаҳои сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва мулоқот бо раҳбарон ва фаъолони ин вилоят мақолаи муфассал чоп кардааст. Ҳамчунин ин рӯзнома суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раҳбарон ва фаъолони вилояти Суғдро нашр карда,  навиштааст, ки татбиқи сиёсати воридотивазкунӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.

Рӯзномаи “Садои мардум” инчунин дар шумораи рӯзи 7 июл дар мақолае аз камбуди об барои чархонидани осиёбҳои обӣ дар ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Кӯлоб, ки саргаҳи об маҳсуб мешавад, хабар додааст. Деҳоти зикршуда зиёда аз 20 деҳа дошта,  дар ҳудудаш 9 осиёб мавҷуд аст, вале ягонтои он кор намекунад. Дар баробари ин нашрия навиштааст, ки мушкилоти бо об таъмин кардани осиёбҳои обӣ дар дигар ноҳияҳои минтақа, аз ҷумла, Муъминобод, Ховалингу Восеъ низ ба чашм мерасад.

Дар ин миён муаллиф ин суолро матраҳ кардааст, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ киҳо бояд саҳм гузоранд? “Рафтори баъзе аз масъулин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар бораи манфиати осиёбдорӣ ҳам ба онҳо бояд хориҷиҳо «семинар» гузаронанд.” – навиштааст муаллиф.

“ИмрӯзNews”

       Рӯзномаи “ИмрӯзNews” дар матлабе таҳти унвони “Зодрӯзи дӯсти дерина” навиштааст, ки рӯзи 6 июл нахустин президенти Қазоқистон 80-сола шуд.  Нашрия ёдовар шудааст, ки рӯзи 6 июл  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як тамоси телефонӣ ӯро бо ин рӯйдоди муҳим – 80-солагии зодрӯзаш самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро ба соҳибҷашн иброз намуданд.

Пешвои миллат фаъолияти самарабахши солҳои тӯлонии Нурсултон Назарбоевро дар маснади Президенти Қазоқистони дӯст махсус таъкид ва қайд карданд, ки боиси эҳтироми умум ва обрӯву эътибори шоистаи ӯ дар дохили кишвар ва берун аз паҳнои он, аз ҷумла дар Тоҷикистон, гардидааст. Дар идмоаи матлаб нашрия зиндагинома ва фаъолиятҳои Назарбоевро аз даврони Иттиҳоди шуравӣ то кунун  муфассал бозгӯ карда, нақши ӯ дар таърихи муосири Қазоқистонро баррасӣ кардааст.

Ба навишати нашрия, дар маҷмӯъ талошҳои президенти аввалини Қазоқистон ба се марҳилаи асосии ислоҳот ва рушд нигаронида шуда буданд, ки дар натиҷаи татбиқи онҳо ин кишвар тавонист ҷаҳиши “пешзамонӣ” кунад. Яъне хеле зуд, бидуни дудилагӣ аз як давраи сиёсии таърихӣ ба давраи нав, аз як низоми иқтисодӣ  ба давраи дигар гузарад.

Ба хулосаи муаллиф, бад ин тартиб таҷрибаи давлатсозиву иҷтисодофарии Назарбоев, намунаи барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ дониста шуда, худи ӯ яке аз поягузорони суботу оромӣ дар Осиёи Марказӣ  низ муаррифӣ мешавад.

“Тоҷикистон”

       Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар сармақолаи худ таҳти унвони “Донишгоҳҳои Тоҷикистон ба меёрҳо ҷавобгӯ ҳастанд?” иддаъои Хадамоти давлатии назорат ва сифати таълими назди Девони вазирони Ӯзбекистонро ки гуфтааст, 16 донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистону Қирғизистон ба бозори меҳнати ин кишвар ҷавобгӯ нестанд, ба чолиш кашидааст.

Нуъмонҷон Ғаффорӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳафтанмоаи “Тоҷикистон” гуфтааст, “Ин хадамот ҳуқуқ надорад, ки рейтинги донишгоҳҳои моро муайян кунад. Баъдан, хадамот дар рейтингаш номи донишгоҳҳоро дуруст наовардааст. …. Эҳтимол дорад, ки хадамоти мазкур  15-20 сол пеш ин рейтингро гузаронидаву дубора нашр кардааст.”

Аз сӯи дигар ба гуфтаи Муминҷон Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон,  дар ин донишгоҳ ягон шаҳрванди Ӯзбекистон барои интиқол ба кишвари худ ариза нанавишта, илова бар ин имсол ҳам хоҳишмандон аз кишвари ҳамсоя барои таҳсил дар донишгоҳи мазкур  зеле зиёданд. Вай афзудааст, ки ин донишгоҳ бо чандин донишгоҳҳои олии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста, дар конфронсҳои илмӣ ширкат ва табодули таҷриба мекунанд.

Инчунин Маҳмадулло Раҷабзода, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гуфтааст, соли дуюм аст, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон дар ин донишкада таҳсил карда, дар баробари ин донишкадаи мазкур бо Донишкадаи забонҳои хориҷии Ӯзбекистон шартнома баста, дар доираи он ҳамкориро идома медиҳад.

“СССР”

    Ҳафтаномаи “СССР” дар равзанаи сардабир мақолае бо номи “Модари тоҷик ва очаи амрикоӣ” чоп карда, аз бозтоб нашудани симои воқеъии модари тоҷик, ҳамчун зани ҷонфидо, мубориз ва ҷасур дар адабиёт ва синамои миллӣ интиқод кардааст.

Дар ин замина муаллиф ба образи модарони амрикоӣ дар филмҳои голливуд ишора кардааст, ки дар филмҳо онҳо  фарзандонашонро аз сухтор, қотил ва марги муфоҷо наҷот медиҳанд.

Муаллиф дар идомаи мавзуъ ба адибону таҳиягарони филмҳо дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар асоси ҳаёт ва фаъолияти занҳое мисли Марям Давлатова, Ойниҳол Бобоназарова, Гулрухсор Сафиева, Озодаи Раҳмон, Рафиқа Мусоева ва Адолат Раҳмонова барои офаридани симои воқеии модари тоҷик даст ба кор шаванд.

    Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ

Радиои Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *