Дар иттилоияи ахири Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 1 июли соли ҷорӣ  тибқи Нақша – чорабиниҳои  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи кишварамон  мусобиқаи варзишии деҳа ба деҳа аз намуди футбол байни наврасону ҷавонон баргузор  гардида истодааст.  

Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба варзиш, махсусан футбол, мустаҳкам намудани дустӣ, пешгири намудани онҳо аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ гуфта мешавад.

Рушди футбол яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати варзишии Ҳукумати кишвар буда, дар ин замина  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба пешбурди чораҳои лозима муваззафанд.  Дар партави таваҷҷуҳи рӯзафзун ба рушди футбол  дар чанд соли ахир натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд.

Дастгирии давлатӣ ёфтани бозиҳои футбол дар  сатҳи деҳот  метавонад, оммавияти футболро бештар гардонида, боис кашфи истеъдод ва чеҳраҳои нав гардад.  Ин ҳадафест, ки  дар Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021  махсус ба он таваҷҷуҳ шудааст.
Дар доираи барномаи нав муҳайё сохтани шароит барои машғул шудан ба футбол, ба талаботҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншоотҳои марбути соҳа, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани замина барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш дар назар мебошад.