Президенти Бразилия Ҷаир Болсонару тасдиқ кардааст, ки натиҷаи озмоиши ӯ барои коронавирус мусбат баромад.  Пештар аз рӯзи сешанбе, Ҷаир Болсонару  тамоми чорабиниҳои дар ин ҳафта ба нақша гирифташударо бино ба шуюъи бештари вирус, таъхир гузошта буд.

Ба гуфтаи вай, барои табобат ӯ ба гидроксихлорохин шурӯъ кардааст. Ҳоло президент худро беҳтар ҳис мекунад. “ Ман медонистам, ки дер ё зуд он ба як қисми зиёди мардум зарба мезанад. Масалан, агар ман аз санҷиш намегузаштам, натиҷаи онро намедонистам. Ин ҳама  аз рӯзи якшанбе сар шуд. Рӯзи душанбе ман худро бадтар ҳис кардам: нороҳатӣ, хастагӣ, дарди мушакҳо, ҳарорат то 38 дараҷа баланд шуд”- навиштааст, президенти Бразилияи

Болсонару борҳо чораҳои карантинии мақомоти минтақавиро дар робита бо пандемия интиқод кардааст. Роҳбари давлат таъкид сохта буд, ки карантини шадид ба оқибатҳои фалокатовар барои иқтисодиёти кишвар оварда мерасонад. Гузашта аз ин, президент борҳо гуфтааст, ки хатари коронавирус аз ҳад кам ночиз номида, COVID-19  зукоми оддӣ гуфта буд.

Дар ҳоли ҳозир Бразилия дар ҷои дуюм аз рӯйи ҳолатҳои тасдиқшудаи COVID-19 дар ҷаҳон аст. Дар кишвар  наздик ба 1,7  миллион  сироятёфта ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин беш  65  ҳазор нафар фавтиданд.