Июль 7, 2020 14:45

Бо мақсади таҳвили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Амороти Муттаҳидаи Араб 9 июли соли равон  дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвози махсус анҷом дода мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши парвоз ба ватанро доранд, барои сабти ном бояд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА муроҷиат намоянд.  Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҳамзамон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафар ба қаламрави Амороти Муттаҳидаи Арабро доранд, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи вуруд (раводиди корӣ, ҷавоби мусбати барномаи электронии Permit ва ID-корти Emirates), инчунин маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19, ки на бештар аз 72 соат пеш аз парвоз дода шудааст, имкон доранд аз Душанбе ба Дубай парвоз намоянд. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки асноди зарурӣ барои воридшавӣ ва иҷозаи убури транизитиро тавассути қаламрави АМА доранд, ҳамчунин ба Дубай интиқол дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 18:00 ва аз Дубай 21:45 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Инчунин, 10 июл бо мақсади таҳвили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳуриҳои Беларус ва Украина дар масири Душанбе-Минск-Душанбе парвози махсус (чартерӣ) сурат мегирад. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки асноди заруриро барои воридшавӣ ва иҷозаи убури транизитиро тавассути қаламрави Ҷумҳурии Беларус доранд, имкони парвоз аз Душанбе ба Минскро хоҳанд дошт. Вақти парвоз аз Душанбе  07:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Барои парвоз аз Минск ба Душанбе шаҳрвандони хоҳишманди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҷиҳати бақайдгирӣ ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Беларус ва Украина муроҷиат намоянд

Шаҳрвандон метавонанд барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ ба марказӣ маълумотдиҳии ширкат — 44 640 40 49, 44 640 40 50, call-center@somonair.com муроҷиат намоянд.