На изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят и в помещении

Кумитаи ҷавонон ва варзиш хабар медиҳад, ки санаи 1 июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварати назоратӣ дар назди раиси Вилоят  Ёдгор Файзов доир гардида, дар баробари дигар масъалаҳо Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони вилоят барои солҳои 2018-2022 мавриди таҳлил қарор гирифт.


Маъбаъ мегӯяд, ки “вобаста ба ҳамин масъала масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ баромад намуда, қайд карданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандўстию ватанпарастӣ, эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар- Ватан дар давоми моҳҳои феврал, март вохӯриву мулоқотҳои судманд бо ҷавонону наврасон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят таҳти унвони “Садоқат ба Ватан- садоқат ба Президент”, “Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст” Хизмати Модар Ватанро аз дилу ҷон мекунемЂ» баргузор гардиданд.”

Мақсад аз баргузории чунин суҳбату вохуриҳо дар рӯияи наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси меҳандустию хештаншиноси мебошад. Дар ин давра зиёда аз 100 вохўрию мулоқотҳо, 14 озмун, 17 мусобиқаҳои варзиши- ҳарбӣ гузаронида шудааст, ки 14 256 нафар дар онҳо фаъолона иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои асосии ҷавонон  ба  ҳисоб рафта, ҷиҳати фаҳмондани муҳтаво ва нуқтаҳои асосии он аз ҷониби раёсат дар хамкорӣ бо дигар масъулин зиёда аз 40 мулоқоту вохўрӣ дар муассисањои таҳсилоти миёна ва шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор карда шуданд..
Дар давоми нимсолаи якуми соли равон дар ҳамкорӣ бо идораи телевизион ва радиои вилоят зиёда аз 10 барнома ва мизии мудаввар, семенарҳо суҳбату гуфторҳо вабаста ба ватандӯстиву ватанпарвари, меҳру муҳаббати ҷавонон нисбати Ватану ватандорӣ, баргузор ва инъикос гардиданд. Самти дигаре, ки диққати ҷавононро бештар ҷалб менамояд ин фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар онҳо,аз он ҷумла дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мебошад. Бо ҳамин мақсад аз  тарафи Раёсат ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, саҳифаҳои махсус кушода шуда, пайваста аз ҷараёни баргузории чорабиниҳо дар ҳудуди вилоят инъикос карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои маҳаллии он дар умум 79 аксияву ҳамоишҳо таҳти шиорҳои “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Мо бо Шумоем, Пешвои миллат”, “Ба муҳофизати Ватани маҳбубамон омодаем!”, “Барои Тоҷикистони озоди соҳибистиқлол хизмат мекунем!”, а доир карда шуд, беш аз 4000 маводҳои иттилоотии хусусияти маърифатӣ, ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида ва тарбиявидошта байни ҷомеа тақсим карда шуданд.
Дар моҳи апрели соли 2020 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят бо иштироки ҷавонон ба намояндагӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят “Фестивали минтиқавии дӯстии ҷавонони вилоят” дар самти тарбияи ватандӯстиву ватанпарастӣ баргузор гардид.

Дар охир аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Ёдгор Файзов дастуру ҳидоятҳои муфид баҳри амали намудани Барномаи мазкур ба масъулин дода шуданд.

На изображении может находиться: 1 человек, в помещении

На изображении может находиться: 1 человек, сидит, гостиная и в помещении

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят и в помещении