Вақти он аст, эй қалам…

ВАО-и кишвар имрўз дар фазои иттилоотӣ мавқеи худро доро мебошанд, вале на ҳама вақт он мавқеъгирӣ побарҷост. Имрўз рўзнома, радио, телевизион ва дар умум ВАО-и кишвар хабару гузоришҳо ва дигар маводҳои таҳлилии худро барои аудиторияи худ пешниҳод мекунанд, лекин бо вуҷуди ин ҳама, ҳамоно қонеъкунанда нестанд.

Ҳамарўза мо шоҳиди он мегардем, ки тамоми сомонаҳо аз қабили сомонаи Вазорати тандурўстӣ, Кумитаи ҳолҳатои фавқулода, Кумитаи дин, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дар маҷмуъ, тамоми сомонаҳои вазорату идораҳои кишвар, барои омма иттилоот паҳн мекунанду бар зидди иттилооти бардуруғ вокуниш. Лекин чаро ҳамоно мардуми оддӣ ба иттилооти ин сомонаҳо чандон дас­трасӣ надоранд? Чаро шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз иттилоот асту аммо носаҳеҳ? Ва ё чӣ гуна метавонем, ин ҳамаро бартараф сохт? Ин ҳама саволҳоест, ки танҳо бо ҷавоб гуфтан ҳаллу фасл намешаванд, балки бо ҷаҳду талоши дар амал татбиқшаванда, бартараф мегарданд.

Саидмукаррам АбдуқодирзодаСаидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзўъ бо мо дар сўҳбат шуда, чунин иброз дошт: “Имрўз ҳама сару садоҳо ва хабарҳои бардуруғ дар сомонаҳои интернетӣ пайдо мешаванд, на дар рўзномаву телевизион ва радио. Медонед чаро? Барои он, ки танҳо фазои холии интернетии мо, барои паҳн кардани иттилооти бардуруғ барои дуруғчиён ҷой додааст. Имрўз Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ саҳм дорад, мо ҳамарўза хабару гузоришҳои худро дар сомона мегузорем, лекин на ҳама ба иттилооти мо дастрасӣ доранд.Чунки онҳо танҳо хабарҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебинанду мехонанд ва ба худ мегиранд”.

Бояд гуфт, ки маҳз холӣ будани фазои иттилоотӣ, метавонад, боис ба он гардад, ки дилхоҳ давлате, ки дар шабакаҳои интернетӣ фаъол аст, ҳатман фарҳанг ва идеологияи худро ба сари дигар давлат бор кунад. Вақте, ки фазои иттилоотӣ холист, ҳатман мардум рў меоранд ба иттилооти кишварҳое, ки тамоман ба фарҳанги мо наздикӣ надоранд. Сабабҳо зиёданд, лекин як сабаби холӣ будани фазои иттилоотӣ ин фаъол набудани ходимони динӣ, вакилон, олимон, академикон ва дигар равшанфикронамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки имрўз ВАО дар сомонаву шабакаҳо ба як дастгоҳи идеологие табдил ёфтааст, ки садҳо баробар ин дастгоҳ аз тиру тупи танк пуриқтидору боқуваттар аст. Дар ҳолате, ки фазои мо холӣ бошад, мо ҳатман бар зидди дилхоҳ ҷангҳои иттилоотӣ шикастхурда ҳисоб мешавем. Дар замони имрўза дар назди иттилоот ҳама тиру туп ҳеҷ аст.

Сабабҳо зиёданд, лекин ман бар ин ақидаам. ки сабабҳои асосии холӣ буданӣ фазои иттилоотӣ инҳо мебошанд:

  1. Дар марказҳои матбуотии вазорату идораҳо журналистони ҳирфаӣ кам кор мекунанд ё дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҳамин гуна воҳиди корӣ хеле кам аст, ки журналистон кор кунанд.
  2. Суст будани суръати интернет, ки имкон намедиҳад, сари вақт матлабҳои таҳлилиро ҷой ва посухи саривақтӣ диҳем.
  3. Дар Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо дар сомонаҳои худ ба забони тоҷикӣ бештар таваҷҷуҳ мекунанд, ки инро берун аз Тоҷикистон кам мехонанд.
  4. Кумитаву идораҳои давлатӣ на ҳамеша саривақт мавқеашонро нисбати хабару ҳодисаҳо муайян мекунанд, яъне саривақт шумо ба дилхоҳ хабару ходисаҳо посух надодед ин маънои онро дорад, ки шумо гунаҳкор ҳастед, новобаста аз оне, ки гунаҳкор нестед.

Имрўз наметавон танҳо бо хабарҳои вазорату идораҳо ин фазоро пурра намуд, танҳо метавонем дар ҳамсбастагӣ бо тамоми ходимони динӣ, олимону равшанфикрон фазои мазкурро пур ва саривақт ба хабару овозаҳои бардуруғ вокуниш нишон диҳем.

 

Фирўзи Рамазон раиси Шўрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мушкилии мавҷуда дар суҳбат ба мо афзуд: “Бояд имрўз ходимони дин ва илму фарҳанг сомонаҳои интернетии худро кушода, ба саволҳои корбарон ҷавобҳои қонеъкунанда диҳанд. Мо низ аз ин таҷрибаҳои хуби ҷаҳонӣ бояд истифода намуда, амнияти давлатамонро аз маълумоти носаҳеҳи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳифз намоему фазои иттилоотиро дар шабакаҳои интернетӣ пурра гардонем”.

Ҳадафи дигари пурра намудани фазои иттилоотӣ он аст, ки сулҳу субот дар кишвар пойбарҷо бошад. Ба гуфти коршиносони соҳа дар сурати пурра набудани ин фазо бо иттилооти саҳеҳ ва оммафаҳм метавонанд, дигарон ин фазоро пурра созанду манфиатҳои худро пиёда кунанд.

Шералӣ Ризоиён, сиёсатшиноси тоҷик роҷеъ ба мавзўъ зикр дошт, ки: “Пеш аз ҳама бояд ба унсури чандрасонаӣ дар фазои иттилоотии мо, бахусус дар расонаҳое, ки аз ҳисоби буҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, таваҷҷуҳ кард. Зеро мо мебинем, ки хурдтарин расонае, ки ҳамагӣ чанд корманд дорад, дар баробари ниҳодҳои иттилоотии мо, ки теъдоди лозимаи кормандонро доранд, баъзан нуфуз ва таъсири бештар доранд. Аз ин дидгоҳ дар шакли муосир фаъолият намудани расонаҳо, бахусус расонаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, бисёр муҳим ва саривақтӣ аст. Ҳар қадаре, ки фазои иттилоотии мо аз ҳисоби расонаҳои беруна пурра гардад, ҳамон қадар хатар ба амнияти давлату миллати мо зиёд мегардад ва ҳар қадаре, ки мо фазои худро пурра намоем, ҳамон қадар хатарҳои геополитикӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегӣ кам мегардад”.

Хуллас зикр кардан ба маврид аст, ки баъди паҳншавии фазои интернетӣ дар ҷаҳон, он дар баробари телевизион, радио, рўзнома ин фазоро фарогир шуд ва метавон гуфт, ки қариб нисфи зиёди ин фазои иттилоотиро интернет пур карда аст. Бояд гуфт, ки хабару овозаҳои паҳнгардида дар бораи бемории сироятии коронавируси нави covid-19, ки сирф бардуруғ буданд, бори дигар ба мо ҳушдор медиҳад, ки зирак бошем. Чунин авҷгирӣ ва манбаъи номуътамади сомонаҳои хабарӣ, ки мардуми оддӣ онро муътамад медонаду ба он боварӣ ҳосил мекунад, барои мо бояд як дарси хубе шуда бошад. Моро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида, фаъолтар бошем, нагузорем, ки ҷойи журалистикаи касбиро журналистикаи шаҳрвандӣ бигирад, зеро рисолати мо ҳақиқатро бо таҳлилҳои амиқ рўйи об баровардан аст. Ҳамин аст, ки роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолнокии сомонаҳои интернетии сохторҳои шомили Кумита таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, барои ҷолибият ва саривақт гузоштани матлабҳои муҳаррирон дастурҳои мушаххас медиҳад. То имрўз бисёре аз сомонаҳои сохторҳои мазкур фаъол ва азнавсозӣ шудаанд, вале ҳамоно ин сомонаҳо ба талаботи замони имрўз то андозае ҷавобгў набуда, ҳар соат бояд таҷдиду навсозӣ карда шаванд. Бо изҳори боварӣ метавон гуфт, ки дар сурати бартараф намудани мушкилоти болозикр мо метавонем фазои иттилоотии худро пурра созему мардумро аз ҳар гуна идеологияҳои хатарнок ҳифз намоем.

Хуршеди Абдуалим,

рӯзноманигор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *