Амрико ва Ироқ дар баёниаяи муштараке аз тавофуқе худ бар саре коҳише теъдоде нируҳои Амрико  дар Ироқ тайи моҳҳои оянда хабар доданд.

Ба гузориши  “Алҷазира”, Амрико  ва Ироқ рӯзи 11 июн  пас аз оғози гуфтугӯҳои роҳбурдии худ, баёнияи муштарак содир карданд.  Дар  ин баёния омадааст, ки ду тараф бар сари коҳиши теъдоди нируҳои Амрикоӣ  дар Ироқ тайи моҳҳои оянда тавофуқ хоҳанд карданд.

Тибқи  баёния муштараки Амрико ва Ироқ, Вашингтон  барои эҷоди пойгоҳҳоии доимӣ ё ҳузури низомии доим дар Ироқ иқдоме нахоҳад кард.  Аввалин даври гуфтугӯҳои роҳбурдии  байни Ироқ ва Амрико асри рӯзи 11 июн дар шакли иртиботи конфронси видеоӣ баргузор шуд.

Ин дар ҳолест, ки кумитаи амният ва дифои парлумони Ироқ рӯзи 11 июн  қабл аз  музокироти стратегии Бағдод ва Вашингтон таъкид кард, ки қарори ихроҷи нируҳои хориҷӣ аз ин кишвар баргаштнопазир буда ва тими музокирот бо Вашингтон наметавонд онро нодида бигирад.

Ҳамзамон Ҳишом Довуд мушовири нахуствазири ахиран эълом кард, ки  Ироқ дар остона музокирот стратегӣ Бағдод ва Вашингтон иброз дошт, ки ин музокирот бояд шомил дастур кор барои ихроҷи Америкоиҳо бошад.

Ба гуфтаи вай пеш аз ин давлатҳои қаблии Ироқ бо иёлоти муттаҳида равобити низомӣ доштанд, аммо имрӯз давлати Мустафо Козимӣ  имконот ва қудрати низомӣ ва амниятии лозим барои муқобила бо таҳдидот ва терроризмро дорад ва дигар ниёзе ба ҳузури ин теъдод неруи Амрикоӣ дар кишвар нест.

Бояд гуфт, ки аввалин тавофуқи стратегӣ  миён ду кишвар дар соли 2008 имзо шуда буд. Дар ин тавофуқ наҳваи хурӯҷи низомёни Амрикоӣ ва низ навъи идомаи  ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ миёни ду кишвар дар оянда таъйин шуда буд.