Идораи барномаҳои “Насиби суҳб”

Бори аввал 1-уми сентябри соли 2006-ум гуфторҳои идораи барномаҳои «Субҳ»-и Радиои «Тоҷикистон» дар мавҷ пахш гардид. Инак 14 сол аст, ки барномаи «Насими субҳ» бо пахши бахшҳои ҷолибу таронаҳои марғуб маъво дар қалби шунаванда гирифтааст.

«Насими субҳ» дар як муддати кўтоҳ на танҳо муваффақ гардиду байни шунавандагон маҳбубият пайдо кард, балки ба мактаби тарбияи ҷавонон ҳам табдил ёфт.

Имрўз дастпарварони ин мактаб Саъдӣ Ғоибов, Нориниссо Абдуллоева, Малвина Хушқадамова, Фарзона Маҳмадова, Исфандиёр Носиров, Дўстмурод Холов, Рухшона Исломова, Расул Шокир, Саида Ғаффорова, Меҳрубон Ҳасанов ҳама муваффақанд ва барои ба камол расонидани онҳо саҳми собиқадорони идора- Фаррух Зиёзода (нахустин сармуҳаррири идора), Моҳшариф Холиқзода (собиқ сармуҳаррири идора) ва роҳбари кунунии ҳайъати эҷодӣ, барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фирўза Саидова калон аст.

Тули 14 сол барномаи субҳгоҳии Радиои Тоҷикистон-«Насими субҳ» тавонист рўзноманигорони варзида ва қаламкашони моҳири соҳа- Мадина Холиқова, Соҳибёри Толиб, Шоира Раҳимҷон, Мағфират Юсуфӣ, Сабзаалӣ Асозода, Муродулло Раҳимов, Хайрулло Файзуллоев, Илҳоми Файз, Дилбар Исматова, Мунаввараи Усмонро бо сабк ва услуби нигориши вижа дар ҷомеа муаррифӣ намояд. Имрўзҳо бошад бо ҳамин шеваи нигориш дар идораи барномаҳои субҳгоҳии Радиои «Тоҷикистон»- Моҳистон Дамдорзода, Насиба Маҳмадова, Сабоҳат Мадисоева, Сумбула Каримова, Адолат Абдуназарова, Гавҳар Амирқулова, Зеваршоҳ Ўктамшоҳзода, Суҳайлӣ Ғоибов, Эмомалӣ Зиёев ва Сиёвуш Убайдзода дар паҳлўи собиқадорон хуб фаъолият доранд.

Идораи барномаҳои «Субҳ»-и Радиои «Тоҷикистон» шуруъ аз соли 2006-ум то ба ин дам дар ҳошияи дастуру супориши маъмурияти Радиои Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, силсилабахш ва гузоришҳои алоҳидаро омода ва тақдими шунавандагон намуд.

Дар ин давра мавзўъҳои меҳварии барномаи субҳгоҳии Радиои Тоҷикистон – «Насими субҳ», пеш аз ҳама, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалишавии ташаббусҳои ҷаҳонии Раёсати олии кишвар, бузургдошти Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, эҳтироми забони давлатӣ, аҷр гузоштан ба Кониститутсияву Парчами давлатӣ ва ба ин васила тарғиби худогоҳии милливу баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ буд.

Иин барнома бо услуб ва нигориши вижа муваффақ гардид, дар баробари таронаҳои марғуб боз бахшҳои ҷолибе дорад, ки тавассути 2-3 дақиқа шунаванда метавонад аз муҳимтарин хабару воқеоти рўз бохабар гардад ва ё бахши мустақими «Минбари баҳсу андеша» шунавандаро водор месозад, ки бевосита бахшро пайгирӣ кунад. Яъне услуб ва пешниҳоди барнома ҷолиб аст.  Шунавандаи асил метавонад, тариқи барнома сар карда аз муаррифии рўз то ба иттилои ҷолибу маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ғизои маънавӣ касб кунад. Воқеан ҳам «Насими субҳ» тавонистааст, ки фароғати субҳгоҳии шунавандаро таъмин созад»

Дар ин муддати начандони таърихӣ «Насими субх» дар ҷомеа мақом пайдо кард, дилҳоро ба туғёну ба равон фараҳ бахшид.