ИЧТИМОИЪ

Оғози Конфронси байналмилалии оид ба об

1433822253 logo300encii1-kopiyaИмрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аст. Конфронси байналмилалӣ, ки аз 9 то 11-уми июн дар Душанбе баргузор мегардад, имрӯз, 9-уми июн ба кори худ оғоз менамояд.

Чорабинии мазкур як навъ талошест баҳри дастёбӣ ба рушди устувори захираҳои об ва он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои СММ ва дигар шарикони рушд дар мутобиқат бо қатъномаи Маҷмааи умумии СММ аз 19-уми декабри соли 2014 доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 роҳандозӣ мегардад.

МУФАССАЛ...

 

Ҷамъбасти “30 рӯзи ҷавонӣ”

29.05.2015 19:43

 DSC 0802Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон - “Ориёно” бо баргузории як маҳфили фарҳангӣ чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ”бахшида ба Рӯзи ҷавонон, таҳти унвони “Ҷавонон – давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар”, ҷамъбаст гардид.

Аҳтам Абдуллозода,раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,зимни суханронӣ, ҷавонон ва иштирокчиёнро бори дигар ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуд. Номбурда изҳор дошт, ки 23 май эълон гардидани Рӯзи ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳамзамон, Аҳтам Абдуллозода аз дастгирии роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ҷавонон ёдовар гардида, иштирокдорон ва ҷавононро ба аз бар намудани илмҳои замонавӣ даъват кард.

МУФАССАЛ...

 

Муқовимат бо коррупсия

22.05.2015 15:22

722642 640Бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бо намояндагони Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

МУФАССАЛ...

 
 

Оғози боздиди Президент аз ноҳияи Темурмалик

23.04.2015 10:16

1429765617 2015-04-23temurmalikИмрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, инчунин бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти Хатлон сафар кард.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти Хатлон дар марзи маъмурии ноҳияи Темурмалик оғоз ёфт.

Сари роҳ ба боғи нави Дӯстӣ, ки ба тариқи ҳашари умумӣ дар майдони 8 га замин бунёд ёфтааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо ниҳолҳои беҳтарин навъҳои содиротии зардолу, олу, олуболу, гелос, бодом, панҷ навъ себ ва чормағз шинонда шудааст. Дар маҷмӯъ зикр гардид, ки тайи 10 соли охир дар ноҳияи Темурмалик майдони боғҳои нав аз 320 гектар ба 890 гектар расонида шуда, танҳо дар се моҳи соли равон дар 126 га боғҳои нав бунёд ёфтааст.

МУФАССАЛ...

 

Ҷаласаи Шӯрои байнипарлумонии ИДМ дар Санкт-петербург

16.04.2015 17:38

images120916 ва 17 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург   ҷаласаи  Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ бахшида ба 70 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуда,  дар кори он раиси Кумитаи иҷроия-муншии иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок менамояд.

 Тавре ки аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар доданд, роҳбарии ҳайати парлумонии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини аввали раиси палатаи поёнии Парлумони ҶТ Абдуҷаббор Азизӣ ба ӯҳда дорад. Аъзои Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ даҳҳо масоили мубрамро баррасӣ намуда, ҳуҷҷатҳои тартибдодаи  онро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 2 аз 2

Back to Top