ВАРЗИШ

Тими мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи ФИФА чор зина боло шуд

05.06.2015 16:16

1433483589 dsc 0539Тибқи иттилои сомонаи расмии Федертсияи футболи кишвар, дар феҳристи тозаинтишори ФИФА дастаи мунтахаби милии Тоҷикистон чор зина боло шуда, дар айни ҳол бо 173 имтиёз дар зинаи 139 қарор дорад.

Миёни тимҳои мунтахаби Қораи Осиё дастаи Муҳаммадиев як зина боло шуда, ҷои 21-умро ишғол мекунад. Рақибони тими мунтахаби мо дар марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабандии ФИФА ба ин тартиб ҷойгир шудаанд: Австралия - зинаи 63-юм, Урдун-зинаи 103-юм, Бангладеш-зинаи 166-ум ва Қирғизистон дар ҷои 177-ум.

МУФАССАЛ...

 

Ғалабаи «Истиқлол» бар дастаи “Ал-Ваҳда”-и Сурия

27.05.2015 13:30

istiklol 05tjШаби 26 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон, ки дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2015 дастаи “Ал-Ваҳда”-и Сурияро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 17 ҳазору 100 тамошобин сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 21-юм бозингари дастаи "Ал-Ваҳда" Раслан Ал-Курдӣ ба дарвозаи дастаи "Истиқлол" гол зад ва ҳисобро боз намуд. Ва дар дақиқаи 34-ум ин бозигар тӯбро вориди дарвозаи худ намуд ва ҳисоби бозӣ баробар шуд.

МУФАССАЛ...

 

Дилшод Назаров -соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Бразилия

26.05.2015 14:04

dilshod nТавре ки аз КМО хабар доданд, Дилшод Назаров аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Вай дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При «Оstrava golden spike» оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) ширкат варзад.

МУФАССАЛ...

 
 

Дави миллӣ: Туҳфаи таърихии Президент ба аҳолӣ

18.05.2015 11:16

DSC 0427Дирӯз тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 28 марти соли 2007, таҳти рақами 255 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” ва нақшаи чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ чун анъана марафони Дави миллӣ доир гашт.

Аз ҷумла, дар собиқ дидбонгоҳи Чорбоғи шаҳри Душанбе ҳазорон нафар кормандони вазорату кумитаҳо, донишҷӯён, сарбозону аҳолӣ ҷамъ омаданд. Иштирокчиёнро Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири мамлакат, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ҷамила Лангариева, муовини раиси шаҳри Душанбе, Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии кишвар шодбош гуфтанд.

МУФАССАЛ...

 

«Регар» - «Хуҷанд». Ғолиб муайян нашуд

18.05.2015 11:19

rgar tБозии марказии даври шашуми чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ, 17 май дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода доир гашт, ки “Регар-ТадАЗ” “Хуҷанд”-ро қабул кард. Талоши дастаҳо барои ғолиб омадан бенатиҷа анҷом ёфт. Вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. 

Голи якумро Комрон Турсунов, бозингари дастаи мизбон, дар дақиқаи 61 зад. Ба ин гол Аҳтам Ҳамроқулов баъди 11 дақиқа ҷавоб гардонд.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 2 аз 9

Back to Top