ВАРЗИШ

Рақобати чаҳор даста барои Ҷоми ФФТ

03.03.2014 05:00

ффт. 2014 Даври сеюми бозиҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хотима ёфт ва чаҳор дастае, ки ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт, маълум гардид.

Тавре ки дар ин бора сомонаи ФФТ иттилоъ додааст, дастаҳои лигаи олии кишвар , ки дар чаҳор гурӯҳ миёни ҳам барои ҷоизаи Ҷоми ФФТ рақобат доштанд, аз гуруҳи «А» тимҳои «Истиқлол»-у «Регар-ТадАЗ» ва аз гуруҳи «В» дастаҳои «Энергектик»-у «Хайр» ба даври ниҳоӣ баромаданд.

Гуфта мешавад, ки даври ниманиҳоӣ нимаи дуюми имрӯз, 3-юми март доир шуда, дар он дастаи «Энергетик» бо «Регар-ТадАЗ» ва дастаи «Истиқлол» бо «Хайр» вориди рақобат хоҳанд шуд.

 

Тоҷикистон дар феҳристи нави ФИФА боз се зина боло шуд

14.02.2014 14:37

ФИФА Тоҷикистон дар феҳристи нави ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол), бо 285 имтиёз се зина боло шуд ва дар мақоми 110-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 14-ум ва миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 11-ум мебошад ва аз Латвия (111), Қазоқистон (128), Туркманистон (129) ва Қирғизистон (148) боло ҷойгир шудааст. Дастаҳои мунтахаби Украина (18), Русия (22), Арманистон (30), Ӯзбекистон (57), Беларус (82), Эстония (91), Озарбойҷон (93), Литва (102), Гурҷистон (103) ва Молдова (107) пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

МУФАССАЛ...

 

Идомаи мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ВКД

03.02.2014 05:00

ФУТЗАЛ МВДБо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов аз 21 январи соли ҷорӣ то охири моҳи феврал дар маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба намуди футболи хурд байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилӣ идома дорад.

Дар мусобиқаи мазкур 42 даста (16 даста аз 35-сола боло ва 26 даста то 35-сола) байни ҳам қувваозмоӣ намуда, бозингарон бо ҷӯшу хурӯш ва шавқу рағбат барои ба даст овардани ғолибият ҷаҳду талош меварзанд.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 9 аз 9

Back to Top