ВАРЗИШ

Волейболбозони «Динамо»- соҳиби ҷойи дуюм

06.05.2014 13:31

volebolАз 20 то 30 апрели соли равон дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусобиқаи дӯстона оид ба волейбол баргузор гардид. Дар мусобиқа дастаи волейболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тими миллии Афғонистон, тими «Ҷавонони Афғонистон», тими «Шорволии Кобул» ва тими «Ҷавонони Шорволии Кобул» байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

МУФАССАЛ...

 

Мусобиқаи ҷумҳуриявии тӯби дастӣ миёни ҷавонон

28.04.2014 14:21

gandbolШурӯъ аз имрӯз, 28-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тӯби дастӣ миёни писарони то 20- сола баргузор мешавад.

Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур иштироки дастаҳо аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ дар назар аст. Мусобиқа то 30 апрели соли равон идома хоҳад кард.

 

 

Даври дуюми мусобиқоти Тоҷикистон анҷом ёфт

21.04.2014 05:00

istiklolДастаи «Истиқлол» - и шаҳри Душанбе дар даври дуюми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол бо ҳисоби 3:0 бар дастаи «Далерон» - и шаҳри Истаравшан ғалаба кард. Дастаи «Энергетик» - и   пойтахт дар майдони худ дастаи «Парвоз» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. Дастаи «Вахш» - и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0   бар дастаи ССКА «Помир» пирӯз шуд. «Регар - ТадАЗ» - и шаҳри Турсунзода бозиро дар майдони худ бо дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 1 мусовӣ кард.

Даври сеюми   мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни   дастаҳои лигаи олӣ аз 26 - 28 апрел баргузор мешавад.

 
 

Ғалабаи боксчиёни тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳон

17.04.2014 05:00

с бокс Мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи бокси байни ҷавонон, ки 14 апрел дар шаҳри Софияи Булғористон оғоз ёфт, то 24 апрел давом мекунад.

Назар ба хабари сомонаи   Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, боксчии ҷавони тоҷик Умед Ёқубов дар рӯзи аввали мусобиқа дар вазни то 52 килограмм муҳорибаро бо бокчии Русия Павел Фёдров бохт.

15 апрел боз як боксчии тоҷик Нурмуҳаммади Ашӯралӣ варзишгари Швейтсария Аҳмад Алтинасро мағлуб сохт.

МУФАССАЛ...

 

Сафари варзишгарон ба Алмаато

19.03.2014 05:00

карате до Пагоҳ, 20-уми марти соли равон дастаи мунтахаби кишвар оид ба карате-кёкушинкай ба шаҳри Алмаато ҷиҳати ширкат дар чемпионати кушоди Осиё сафар мекунад.

Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз кишварҳои Осиё ва Аврупо иштирок карда, миёни ҳам барои ба даст овардани нишонҳои мусобиқа рақобат хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи кушоди Осиё дар Қазоқистон, ки то 24-уми марти соли равон идома мекунад, Тоҷикистонро 44 нафар варзишгар дар вазнҳои гуногун муаррифӣ мекунанд.

 
 

Саҳифаи 8 аз 9

Back to Top