ВАРЗИШ

Курсҳои омӯзишии ФИФА

17.11.2014 15:23

fifa tjДар шаҳри Душанбе курсҳои серӯзаи байналмилалии ФИФА аз рӯи футболи оммавӣ ва кӯдакону ҷавонон анҷом ёфтанд.

Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар курсҳои омӯзишӣ   беш аз 20 нафар машваратчиёни бахши футбол, методистон ва мураббиҳои   футболи кӯдаконаи ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат доштанд. Машваратчии ФИФА оид ба футболи оммавӣ ва кӯдакону ҷавонон Александр Чернухо аз кишвари Беларус роҳбари курсҳои   омӯзишӣбуд.

МУФАССАЛ...

 

Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар муҳорибаҳои омехта

19.11.2014 10:56

1416310214 dsc 0467Аз 10 то 17 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта байни калонсолон доир гардид. Дар ин чемпионат варзишгарон аз 37 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Тавре ки раиси Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Осиё Собир Каримов иттилоъ дод, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз се нафар варзишгари тоҷик иштирок намуд.

МУФАССАЛ...

 

Д.Восиев - тӯбзани беҳтарини мусобиқоти Тоҷикистон

18.11.2014 10:57

DHДаври навбатии 23 – уми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ анҷом ёфт. Ҳамлагари дастаи «Истиқлол» - и пойтахт Дилшод Восиев ба дарвозаи ҳарифон 15 тӯб ворид намуда, тӯбзани беҳтарин гардид.

Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, Дилшод Восиев маротибаи дуюм аст, ки унвони тӯбзани беҳтаринро ба даст меорад. Номбурда аз ин пеш соли 2012 соҳиби ин унвони фахрӣ шуда буд.

 
 

Оғози бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон

26.08.2014 13:30

ligai oПагоҳ, 27-уми август бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои ФФТ, дар ин марҳилаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон 9 дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и (Душанбе), «Хайр»-и (Ваҳдат), «Парвоз»-и (Бобоҷон Ғафуров), «Хуҷанд»-и (Хуҷанд), «Энергетик»-и (Душанбе), «Регар-ТадАЗ»-и (Турсунзода), «Далерон-Ӯротеппа»-и (Истаравшан), «Равшан»-и (Кӯлоб) ва ССКА «Помир»-и (Душанбе), инчунин, панҷ дастаи лигаи аввал - «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳосилот» (Фархор), «Эсхата» (Хуҷанд), «Ваҳдат» (Ашт) ва «Исфара»-и (Исфара» иштирок мекунанд.

МУФАССАЛ...

 

Вохӯрии рафиқонаи футболбозони Беларус ва Тоҷикистон

22.08.2014 15:42

tubi fВохӯрии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби миллии Беларус ва Тоҷикистон оид ба футболро, ки 4 сентябр дар шаҳри Борисови Беларус баргузор мегардад, ҳайати ҳакамони Литва доварӣ мекунад.

Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳаками ФИФА Сергей Слива сардовари ин вохӯрӣ таъйин гардида, ҳамватанонаш Саулюс Дирда ва Владимир Герасимов ба вай ёрӣ мерасонанд. Намояндаи Беларус Денис Шербаков ба ҳайси довари захиравӣ таъйин шудааст.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 6 аз 9

Back to Top