ВАРЗИШ

Дастаҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон маълум шуданд

06.08.2015 10:58

4545465654-5 август бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон доир гаштанд. Дар натиҷа, “Хуҷанд”, “Барқи тоҷик”, “Истиқлол”, “Регар-ТадАЗ”, “Равшан”, “Вахш”, КМВА “Помир” ва “Саройкамар” ба даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/8-финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«КАНД» — «ХУҶАНД» — 0:6

Голҳо: Дилшод Бозоров, 6, 16, 21, 43 (0:4), Амир Раҳимов, 52 (0:5). Фарҳод Тоҳиров, 61 (0:6).

Бозии аввал – 1:9.

МУФАССАЛ...

 

Бохти Тоҷикистон аз Сурия дар бозии рафиқона

01.04.2015 10:54

images770Дар доираи омодагиҳо ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дирӯз – 31 март тими миллии кишвар оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Сурия вохӯрд.
Бозӣ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ бо пирӯзии меҳмонон анҷом ёфт – 2:3.

 

«Қудсия» – «Истиқлол» – 2:2

19.03.2015 09:27

f 0202Дар даври сеюми бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 қаҳрамони Тоҷикистон тими “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бо қаҳрамони феълии мусобиқа “Қудсия”-и Кувейт вохӯрд. Бозӣ мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.
Дар дақиқаи сеюми бозӣ довар аз Урдун Абу Лум ба дарвозаи “Истиқлол” пеналтӣ таъин кард ва лидери “Қудсия” Бадер Мутава дастаашро ба пеш бурд. Душанбегиҳо зуд ба худ омада, на танҳо ҳисобро баробар карданд, балки қисми аввал ба фоидаашон хотима ёфт. Дар дақиқаи 36, баъди партофти хуби Аҳтам Назаров Манучеҳр Ҷалилов гол зад. Дар дақиқаҳои охири қисми якум капитани “Истиқлол” Дилшод Восиев голи дуюми дастаашро вориди дарвозаи ҳариф кард.
Дар қисми дуюм низ дастаҳо бозии хуб нишон доданд. Дар дақиқаи 54 боз ҳам Бадер Мутава аз пеналтӣ гол зада, ҳисобро баробар кард ва бо ҳамин ҳисоб бозӣ ба анҷом расид.

МУФАССАЛ...

 
 

Омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015

18.12.2014 13:27

FIFA TДастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки аз 16-ум 25-уми январи соли 2015 дар Маҷмааи варзишию консертии “Петербургский”- и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мегардад, 17-уми декабр шурӯъ кард.

Тавре ки дар ин бора  Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар (U-22) 24 бозингар - 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Машғулиятҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 29-уми декабри соли равон идома меёбанд.

МУФАССАЛ...

 

Ғолибияти варзишгарони тоҷик дар Гонконг

15.12.2014 10:41

i45GГӯштингирони тоҷик дар ҳаштумин мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон (кадетҳо) дар Гонконг баргузор гардид, ду медал - як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар мусобиқа Тоҷикистонро шаш гӯштингири наврас намояндагӣ карданд. Темур Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кг бар Ҳунг ЙеҳҲуанг аз Тайван ва Бат-Эрдене Батсуурӣ аз Муғулистон ғолиб омада, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Го Ҳаишимаи ҷопонӣ мағлуб шуд. Темур барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 1 аз 4

Back to Top