ФАРХАНГ

Ҳасан Ҳайдар - барандаи озмуни «Гренландия»

06.07.2015 13:23

98793jfҲунарманди шинохтаи тоҷик Ҳасан Ҳайдар дар Фестивал-озмуни  умумирусиягии  сурудҳои  муаллифии «Гренландия»  бо суруди «Ғалаба» («Победа»), ки дар доираи таҷлили  70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон шуда  буд, барандаи озмун  гардид. 
 Фестивал-озмуни мазкур аллакай бори 23-юм аст, ки таҷлил гардида, дар он ҳунармандон аз тамоми манотиқи Федератсияи Русия ва хориҷи дуру наздик ширкат меварзанд. 
 Ҳасан Ҳайдар аз ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ягона ҳунарманде мебошад, ки дар ин озмун ғолиб гардид. 
  Барандагон ва ғолибони мардумии  озмун моҳи равон дар Гала-консерти  «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст» дар майдони фестивалии «Гренландия»-и вилояти Киров  ширкат хоҳанд варзид. 
    Дар ин бора аз маркази матбуоти Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» иттилоъ доданд. 



 

Паёми табрикии Президент ба муносибати Иди саиди Фитр

16.07.2015 12:56

Ҳамватанони азиз!

2015-07-16 ramazonМоҳи шарифи Рамазон, ки моҳи кӯшоиши дарҳои раҳмату мағфират, файзу баракат, хайру саховат ба ҳисоб меравад, бо шукри осоишу осудагӣ сипарӣ гардид ва фардо Иди саиди Фитр фаро мерасад.

Фарорасии ин иди саидро ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, ва кулли мусулмонони дунё табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар хонадони ҳар кадоми шумо баракати бешумор орзу менамоям.

Иди саиди Фитр яке аз суннатҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусулмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти ойини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор меравад, ки аз баракати истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо ба хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.

МУФАССАЛ...

 

Ҷоизаҳои "Нигоҳи нав" соҳиб наёфт

21.05.2015 18:38

A nigohi n 201516-20 май дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяаковскийи пойтахт чорумин Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” баргузор шуд.

Дар он ҷавонони эҷодкор дар шаш даста аз шаҳри Душанбе ва як даста аз вилояти Суғд иштирок карданд. Ҷашнвора-озмуни имсолаи “Нигоҳи нав” ба 75-солагии ҳунарманди маъруф Убайдулло Раҷабов ва коргардон Ислом Саломов бахшида шуд.

Коргардон Ислом Саломов, ки дар рӯзи ифтитоҳи ҷашнвора-озмун иштирок дошт, дар суҳбат чунин иброз намуд: “Ман хеле хурсандам, ки ҷавонони эҷодкор фестивал-озмуни “Нигоҳи нав”-ро ташкил кардаанд. Инҳо мехоҳанд, ба театр навигарӣ ворид сохта, барои томошбин нигоҳи наву тозае пешкаш кунанд. Нигоҳи ҷавонӣ. Станиславский барҳақ гуфтааст: “Санъат пуркорӣ металабад”.

МУФАССАЛ...

 
 
Back to Top