ИҚТИСОД

Рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва сабзавот

06.08.2015 11:11

446564Тибқи маълумоти фаврии Раёсати Растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 19426 гектар картошка кишт шудааст. То 31.07.2015 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ҳосили 5770 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1288 гектар зиёд мебошад.
Тавре, ки дар ин бора аз Вазорати кишоварзии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, то имрўз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 123760 тонна картошка истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30426 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 214, 5 сентнериро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 сентнерӣ зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад.

МУФАССАЛ...

 

Палатаи ҳисоб истифодаи ғайримақсадноки маблағҳоро ошкор кард

22.07.2015 17:21

a4345Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ дар  давраи ҳисоботӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳоро ба қадри 86 млн. 66 ҳазор сомонӣ, истифодаи ғайрисамараноки (исрофкорона)-и  маблағҳоро ба қадри 8 млн. 200 ҳазор сомонӣ, захираҳо ва талафи буҷетро аз ҳисоби талафи беасоси захираҳои ташкилоти қарзӣ 28 млн. 500 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби кам ба нақша гирифтани даромадҳо бо сабаби ба инобат нагирифтани манбаъҳои андозбандӣ 25 млн. 152 ҳазор сомонӣ ошкор кардааст. Дар ин бора раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Дилмурод Давлатзода зимни ҷаласаи ҷамъбасти  натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи Палатаи ҳисоб хабар дод. 
Зимни санҷишҳои аудиторӣ 18 млн. 491 ҳазор сомонӣ маблағ ба давлат барқарор  шуд, ки он 21,8 фоизи зарари ошкор кардашударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумӣ ба буҷети давлатӣ 14 млн. 299 ҳазор сомонӣ ва ба корхонаву муассисаҳо 4 млн. 192 ҳазор сомонӣ барқарор шуд. 

МУФАССАЛ...

 

Оғози ҷаласаи саҳмдорони «Роғун»

22.05.2015 15:11

i  rogunМаҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушода /ҶСК/-и «Неругоҳи барқи обии Роғун» имрӯз дар Душанбе оғоз ёфт. Интизор меравад, ки дар маҷлиси солонаи саҳмдорони НБО «Роғун» ҳисоботи солонаи ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2014, инчунин хулосаи аудитори ҶСК НБО «Роғун» барои солҳои 2013-2014, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК НБО «Роғун» дар соли 2014 ва масъалаи зиёд намудани сармояи барномаи он баррасӣ гардад.

МУФАССАЛ...

 
 

Мулоқоти Э. Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки давлатии рушди Чин

18.05.2015 13:50

2015-05-18cndbИмрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Чин баррасӣ шуд.


Тавре зикр гардид, ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонк, асосан аз соли 2009 дар чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфтааст. Тайи ин солҳо санадҳои зиёд барои ҷудо намудани қариб 100 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, асосан барои дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикситон ба имзо расидааст.
 

МУФАССАЛ...

 

Мулоқот бо Президенти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд

17.11.2014 15:42

2014-11-17eabdСубҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.

Чунонки зикр гардид, давоми солҳои ҳамкорӣ ин бонк дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 700 миллион доллари америкоӣ созишномаҳо бо Ҳукумати мамлакат, бахши хусусӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ ба имзо расонидааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, инчунин ба ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалӣ равона карда шудаанд. 

МУФАССАЛ...

 
 
Back to Top