СИЁСАТ

Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2015-07-22majlisi hukumat 2Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ сурат гирифт, масъалаи вазъи воқеии офатҳои табиӣ ва иҷрои корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои он, ки рўзҳои охир дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат сар зада, боиси хисороти моддӣ ва талафоти ҷонӣ гардид, баррасӣ шуд.

МУФАССАЛ...

 

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин

24.07.2015 11:22

China 23 07 1523 июли соли 2015 дар Пекин дар доираи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов музокироти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид.

Дар рафти музокирот доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Чин, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, энергетика, маориф, фарҳанг ва рушди захираҳои башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зарурати идомаи ҳамоҳангсозии бештар миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои татбиқи амалии қарорҳое, ки қаблан аз ҷониби раҳбарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин қабул гардида буданд, таъкид гардид.

МУФАССАЛ...

 

Мулоқот бо Президенти Афғонистон

09.07.2015 18:00

11722619 862402867163234 3835013574078091614 o666Имрӯз дар шаҳри Уфаи Федератсияи Русия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ, ки дидори нахустини сарони ду давлати ҳамсоя пас аз ба мақоми Президенти Афғонистон интихоб шудани Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай мебошад, маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди муносиботи накӯи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, энергетика ва ҳамлу нақл зоҳир гардид.

МУФАССАЛ...

 
 

Маросими истиқболи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон

13.07.2015 11:45

 97686876Сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, ки шоми дирӯз вориди шаҳри Душанбе шуд, имрӯз бо мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.
Барои истиқболи меҳмони олимақом майдони назди Қасри Миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъутомҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модиро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар оғоз ёфт. Ҳамзамон бо сурудҳои миллӣ тибқи муқаррароти ташрифотӣ садои  21 шиллик аз тӯпхонаҳо дар фазои шаҳри Душанбе танинандоз гардид, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст.

МУФАССАЛ...

 

Ташрифи Сарвазири қирғизистон ба Тоҷикистон

08.06.2015 15:37

1433759154 dsc 0656Имрӯз, баъди зуҳр Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сариев Темир Аргембоевич бо сафари расмӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. 
Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Аргембоевичро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол намуд. 

Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон нахуст ба Маҷмааи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ-нахустин асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузошт.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 2 аз 4

Back to Top