СИЁСАТ

Эмомалӣ Раҳмон: “Мо ба ҳамкорӣ бо Афғонистон алоқамандии хос дорем”

08.06.2015 13:49

113937732614Имрӯз Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот кард.

Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайра баррасӣ шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор дошт: “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба бо кишвари дӯсту бародари Афғонистон буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд. Дар байни кишварҳои минтақа мо ба ҳамкорӣ бо кишвари шумо алоқамандии хос дорем”.

МУФАССАЛ...

 

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон

04.06.2015 15:50

400х240 Tajikistan IranДирӯз дар ҳошияи иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Маскав вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон МуҳаммадҶавод Ҷавод Зариф мулоқот намуд.

Раҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии ду кишвар маҷмӯи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар партави мувофиқаҳое, ки миёни президентҳои Тоҷикистону Эрон ҳосил шуданд, мавриди баррасӣқарор доданд.

С. Аслов ва Ҷавод Зариф ҳамчунин роҷеъ ба масоили мубрами минтақавӣ табодули афкор намуданд.

 

Мулоқоти Э. Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои ИДМ

26.05.2015 13:53

1432618222 2015-05-26idm s 0Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои роҳбарони ин соҳаи давлатҳои созмони номбурда ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳҳои пурзӯр намудани муборизаи муштарак бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳо баррасӣ шуд.

МУФАССАЛ...

 
 

Таъиноти кадрӣ

22.05.2015 15:31

2015-05-22tainotИмрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ ва пурмасъулияти мақомотиҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъиншударо, ки аксарият мутахассисони ҷавону кордон ва ояндадор, соҳиби обурӯю эътибор ва донандагони на кам аз 2 забони хориҷӣ мебошанд, ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи халқу Ватан ҳидоят намуд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти судӣ чунин тағйироти кадрӣ амалӣ гардид:

МУФАССАЛ...

 

Мулоқот бо губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Русия

22.05.2015 15:47

2015-05-22ivanovo ruИмрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Русия Павел Конковро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду кишвар баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои муносиботи Тоҷикистону Русия изҳори қаноат карда, аз ҷумла зикр намуд, ки “Федератсияи Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буду ҳаст, зеро ҳоло наздики 50% сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар ба ин шарики стратегии мо рост меояд”.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 3 аз 4

Back to Top