СИЁСАТ

Мулоқоти Пешвои миллат бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ

31659440556_3fcc8d11d0_zБаррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ оғоз шуда, сипас дар вохӯрии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввал ба ҷониби Ҳиндустон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ва меҳмоннавозии самимиву ҳусни пазироии олӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид бар он доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои хуби музокироту муколамаи имрӯза дар чаҳорчӯбаи ин сафар умедвориҳои зиёд дорад.

Аз рушду тавсеаи беш аз пеши шарикии Тоҷикистону Ҳиндустон дар арсаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идомаи бобарор ва густариши муносибатҳои гуногунҷанба, ки соли оянда аз оғози робитаҳои дипломатӣ 25 сол сипарӣ мешавад ва пояҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳои байнидавлатиро зиёда аз 60 санади байниҳукуматию байниидоравӣ ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, телекоммуникатсия, технолигияҳои иттилоотӣ, дорусозӣ, фарҳангу маориф ва туризм, инчунин ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори муштаракоти байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон арзёбӣ гардиданд.

Таъкид гардид, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои мазкур метавонанд тавассути иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ, сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, роҳҳо ва иншооти зерсохтории Тоҷикистон амалӣ шуда, бо ин восита ҷалби сармояи Ҳиндустон ба лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, фарматсевтика, телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ ва туризм низ имконпазир гардонида шаванд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар оянда нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар беҳбудбахшии равобити дуҷонибаи байнидавлатӣ фаъол гардонида мешавад.

Дар музокирот манфиатдории ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг тавассути ташкили бештари барномаҳои муосири омӯзиши компютер ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин омода намудани кадрҳои дорои тахассуси баланд таъкид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи судбахши ҳамкориҳо ҳамчунин иштироки фаъоли ҷониби Ҳиндустонро дар татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди дигар иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва инфрасохтори роҳу нақлиёти аҳамияти минтақавидошта муҳим шумориданд.

Дар идомаи музокироти сатҳи баланд ҳамчунин масоили ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи СММ ва Созмони ҳамкории Шанхай, дарёфти роҳу усулҳои нави ҳалли мушкилоти мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин мусоидат ба таъмини амнияту субот ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Ҳиндустон Баёнияи муштарак оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон қабул гардида, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ маҷмуи санадҳои нави ҳамкории зерин ба имзо расонида шуданд:

Протокол оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад;

Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молявии дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҳиндустон оид ба ҳамкории дар соҳаи мубодилаи иттилоотии мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии “расмикунонии” даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прасар Бҳарат — Хадамоти ҷамъиятии радио ва телевизиони Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи радио ва телевизион ва табодули барномаҳои аудиовизуалӣ.

Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, натиҷаҳои музокироту мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи ду давлат руйдоди пурарзишу таърихӣ маънидод намуданд.

 

 

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.08.2015 10:42

86767678Дирӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони кумитаву агентиҳои назди Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, муассисаву идораҳои ҷумҳуриявӣ, Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилоту корхонаҳо ва дигар шахсони масъул масъалаҳои вазъи корҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиии дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва дигар мавзеъҳои кишвар рухдода, истифодаи сарфакоронаву мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа бо

МУФАССАЛ...

 

Намояндагони ММ дар СК ва ША интихоб шуданд

24.07.2015 11:36

DSC 0554Фарҳод Раҳимӣ, ки дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва президенти Академияи илмҳои ҷумҳурист, намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Бахтиёр Худоёрзода намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Маҷлиси миллӣ палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон буда, соли 2000 таъсис шудааст ва 33 аъзо дорад.  25 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ аз ҷониби вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳру вилоятҳои кишвар ва 8 нафар бо Фармони Президенти кишвар таъйин  мешаванд. Президенти нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов узви доимии Маҷлиси миллист. 

 
 

Х. Холиқназарзода: ҲНИТ ҳақ надорад аз номи ИНОТ баромад кунад

06.07.2015 16:19

35-6-45lfgХудобердӣ Холиқназарзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҲНИТ ҳақ надорад аз номи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон (ИНОТ) баромад кунад, чунки дар музокироти сулҳи тоҷикон ҳамагӣ 25 дарсад саҳмия дошт.

Х. Холиқназарзода афзуд, дар музокироти сулҳи тоҷикон аз ҷониби ИНОТ ҳамагӣ ҳашт нафар иштирок доштанд, ки танҳо ду нафарашон аз ҲНИТ буданд. “Ҳоло дигар гуфтани ин ҳарфҳо, ки ИНОТ ин карду он кард, дуруст нест. Ҳар ҳизб бояд аз номи худаш гап занад, чун дигар эҳтиёҷ ба он нест, ки аз номи ИНОТ баромад кунанд”.

Ба қавли ӯ ҳар ҳизбе, ки дар Тоҷикистон қонунан фаъолият мекунад, касе ҳаққи бастанашро надорад. Аммо ҳар ҳизбе, ки аз чорчӯби қонун берун баромада, фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва ҷиноят содир мекунад, бояд муҷозот шавад.

 

Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

24.06.2015 13:12

1435127359 34564654566923 июни соли 2015 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо роҳбарии ҳамраисони комиссия- муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини якуми Сарвазир, вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов баргузор гардид.

Намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, масъули соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноату нақлиёт дар кори ҷаласа иштирок намуданд.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 1 аз 4

Back to Top