ҶАҲОН

Комиссияи Аврупо вобаста ба тадриҷан сабук кардани чораҳои фавқулода тавсияҳо пешниҳод менамояд

PDFПечать

Ursula-fon-der-LyajenКомиссияи Аврупо рӯзҳои наздик рӯйхати тадбирҳоро оид ба сабук сохтани чораҳои фавқулода, ки аз сабаби паҳншавии коронавирус ҷорӣ шудаанд, пешниҳод хоҳад кард. Дар ин бора раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Bild am Sonntag”  хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ « Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ба гуфтаи раиси Комиссияи Аврупо, ин амалҳо бояд пайдарҳам ва эҳтиёткорона анҷом ёбанд. Таърихи ин иқдом барои ҳар кишвар гуногун хоҳад буд, зеро дар минтақаҳои мухталиф давраҳои авҷи пандемия аз ҳам тафовут доранд.

Урсула фон дер Ляйен маслиҳат дод, ки меҳмонхонаҳо  ва  саёҳатҳо то тобистони оянда мавқуф гузошта шаванд, чунки пешгӯӣ намудани вазъият ҳатто барои моҳҳои июл-август душвор  аст.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки имрӯзҳо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо азми бо кӯшишҳои муштарак рафъ намудани  мушкилии пешомадаро доранд.

Роҳбари Комиссияи Аврупо изҳори умедворӣ намуд, ки то охири соли равон ваксинаи зидди коронавирус таҳия хоҳад шуд.

Хурӯҷи беморӣ, ки барангезандааш коронавируси намуди нав мебошад, охири соли 2019 дар Чин паҳн шуда,  11 март аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ     пандемия эълон шудааст.

ДАР АКС: Урсула фон дер Ляйен. сурати  Bild am Sonntag

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

БАРХӮРДИ РУССИЯ ВА ТУРКИЯ ДАР ИДЛИБ

PDFПечать

idlib

Вазъият дар Идлиби Сурия ду ҷониби таъсиргузор дар вазъи ин кишварро дар рӯ ба рӯи якдигар қарор додааст. Даргириҳои мусаллаҳонаи ахир байни неруҳои мусаллаҳи Сурия ва Туркия дар Идлиб боиси ба вуҷуд омадани таниши лафзӣ байни Русия ва Туркия шуд. Мулоқоти намояндагони баландпояи Маскаву Анқара барои коҳиш додани хушунатҳо дар Идлиб натиҷаи мусбат надод ва ин масъала бояд дар вохӯрии рӯ дар рӯи сарони ду кишвар баҳсу баррасӣ шавад.

 Тавре маълум, дар минтақаи Идлиби Сурия аз оѓози моҳи феврали соли ҷорӣ вазъият шадидтар шуда, даргириҳои мусаллаҳона байни неруҳои давлати ин кишвар ва мухолифони мусаллаҳи он ба хотири озод кардани минтақаи мазкур аз тасарруфи мухолифин идома доранд. Барои дубора зери назорати неруҳои давлати Сурия даровардани Идлиб Русия ба неруҳои давлати Сурия кумакҳои низомӣ мекунад. Талошҳои Маскав ва Анқара ба хотири таъмини амнияти саросарӣ дар Сурия низ назаррас аст, аммо бархурди манфиатҳои Русия ва Туркия дар Сурия ба амалӣ гардидани нақшаи барқарории суботу оромӣ дар ин ҷумҳурӣ монеа эҷод кардааст.

МУФАССАЛ...

 

Доналд Трамп 300 миллион доллар аз Daichi Bank қарздор аст

PDFПечать

48470441 303Конгресси Амрико ва мақомоти тафтишотии Ню-Йорк ба баррасии вобастагии молии Президенти Амрико аз Daichi Bank мепардозанд. Daichi Bank яке аз бузургтарин бонки Олмон дар ин бора далелҳои лозимаро ба додситони Ню-Йорк дастрас кардааст.
Ба гузориши телевизиони CNN, ҳадафи аслии парвандае, ки алайҳи Трамп боз шудааст, баррасии фаъолияти ширкатҳои Трамп аст.
Расонаҳо менависанд, ки конгресси Амрко муддатҳост, ки ба баррасии қарзҳои калони Daichi Bank ба Трамп пардохтааст. Сенаторҳои демократ дар конгресс гуфтаанд, ки дар равобити молии ин бонки олмонӣ ва Трамп Русия низ нақш доштааст. Ба гузориши Ню-Йорк Таймс, Доналд Трамп замоне, ки вориди Кохи сафед шуд, 300 миллион доллар аз Daichi Bank қарздор буд. Хабаргузори иқтисодии Блумберг гузориш медиҳад, ки Daichi Bank тасмим гирифтааст, мӯҳлати пардохти қарзи Трампро то сол 2025 тамдид кунад. Нашрияи Ню-Йорк Таймс, ки таҳқиқоти зиёде атрофи фаъолиятҳои Daichi Bank анҷом додааст, мӯътақид аст, ки Трамп бидуни ин бонк «эҳтимол ҳаргиз ба Кохи сафед роҳ намеёфт».

 
 
Back to Top