Хабар

Кумакҳои пулии Сарвари давлат ба оилаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ

24.07.2015 15:02

6564564tjСубҳи имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои шиносоӣ бо оқибатҳои офати табиӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. 
Ҳайати комиссияи ҳукуматӣ нахуст аз минтақаҳои аз офати табиӣ хисоротдидаи ноҳияи Ванҷ боздид намуд. Зимни боздид маълум гардид, ки дар ин ноҳия бар асари фаромадани сел ва боло рафтани оби дарёҳои минтақа 35 хона, аз ҷумла 11 хона пурра ва 24 хона қисман вайрон шудааст. 

МУФАССАЛ...

 

Сафари расмии вазири корҳои хориҷӣ ба Чин

Aslov Tajik Foreign Minster 400 24022 июли соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо даъвати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И озими Чин шуд.
Зимни сафари мазкур, ки то 25 июл идома хоҳад кард, вохӯриҳои С.Аслов бо роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Чин, узви Шӯрои давлатии  Чин Ян Чзечи ва бо роҳбарияти Кумитаи давлатии рушд ва ислоҳоти Чин дар назар аст.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар С.Аслов дар назди доираҳои илмӣ ва коршиносони низоми Академияи илмҳои иҷтимоии Чин суханронӣ намуда, бо рӯзноманигорони Чин мусоҳиба хоҳад кард.

 

Даъвати иҷлосияи дуюми палатаи болоии Парлумон

21.07.2015 13:15

243667tj21 июли соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи дуюми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мегардад.
 Аз палатаи болоии Парлумони кишвар  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ рӯзи 20 июли соли равон аз соати 8:00 то 17:00 ва рӯзи 21 июл  аз соати 7:00  то соати 8:00 дар  бинои Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии кишвар, ошёнаи сеюм, утоқи кории шуъбаи ташкилӣ номнавис мегарданд. 

 
 

Майдони кишти такрорӣ зиёд шуд

21.07.2015 11:49

32243imagesДар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабарнигорон изҳори қаноатмандӣ карданд, ки соли равон дар моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти кишоварзӣ муътадил буд.

Вазири кишоварзӣ Муҳаммадтоҳир Зокиров иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи соли равон истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 547 147 тонна, картошка 163 543 тонна, сабзавот 410 660 тонна, полезиҳо 145 497 тонна, шир 327 463 тонна ва тухтм 165,3 миллион дона расид. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладона 59 346 тонна, картошка – 26286, сабзавот - 62 638, полезиҳо - 16 607, ангур 554 тонна ва тухм 13,3 миллион дона зиёд шуд.

МУФАССАЛ...

 

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон

14.07.2015 16:35

34325Дирўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба пойгоҳи қисми низомии 07017-и Қўшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шифохонаи ҳарбии гарнизони Хатлон ташриф оварданд. Дар инҷо меҳмонони олиқадрро тибқи оини низомиён, бо саф оростани ротаи қаровули фахрӣ ва таҳти навои Оркестри ҳарбии нафасӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

МУФАССАЛ...

 
 

Саҳифаи 10 аз 93

Back to Top