Хабар

Ифтитоҳи бинои боғчаи замонавӣ

 21.06.2016  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшон бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Доночаро ифтитоҳ намуд.

AA.A42cbcbeddd zБинои наву замонавии боғчаи бачагон аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи наздики 4 миллиону 900 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ барои 100 кӯдак сохта шудааст. 35 нафар бо маоши миёнаи 1500-2000 сомонӣ дар ин муассисаи томактабӣ ба тарбияи кӯдакони хуштолеъи замони соҳибистиқлолии кишвар машғул мешаванд.

Фармоишгар ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элитстройсервис” мебошад. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2014 оғоз ёфта, соли 2016 бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Доноча аз 19 хонаи хобу бозии кӯдакон, 1 толори варзишӣ, толори маҷлис бо 80 ҷойи нишаст ва 1 синфи мусиқӣ иборат мебошад. Дар таҳхонаи бино бошад, хонаи ҷомашӯӣ ва 3 утоқи корӣ мавҷуд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароити тарбияи кӯдакон шинос шуда, ба соҳибкорону сохтмончиён барои бунёди бинои муосири боғча, ки дунёи поку беолоиши тарбиятгирандагонро рангин менамояд, баҳои арзанда дод. Тавре аён гардид, тамоми асбобу анҷоми хоб, машғулияту бозӣ, ҷароғҳои равшанидиҳанда бо ашёҳои гуногунранги хоси дунёи кӯдакон оро ёфтааст.

МУФАССАЛ...

 

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳри Конибодом

AA-muloqot 0Дирӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом бо сокинон сӯҳбати самимӣ доир кард.

Мулоқоти Сарвари давлат бо мардуми сершумор, ки ба истиқболи Пешвои миллат омада буданд, дар зардолубоғи хоҷагии деҳқонии Ғалабаи  ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом баргузор шуд.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, ба сокинон бахту иқболи баланд ва баракати кор орзу намуд.

МУФАССАЛ...

 

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.08.2015 16:11

2015-08-14tainotИмрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони кумитаву агентиҳои назди Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, муассисаву идораҳои ҷумҳуриявӣ, Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилоту корхонаҳо ва дигар шахсони масъул масъалаҳои вазъи корҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиии дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва дигар мавзеъҳои кишвар рухдода, истифодаи сарфакоронаву мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа бо дарназардошти шиддат гирифтани буҳрони молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил, таёрии ҷиддии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ва аҳолӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015 - 2016 ва тайёрии ҳамаҷониба барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнҳои давлатии дарпешистода, бахусус 25 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

МУФАССАЛ...

 
 

Кумаки навбатӣ ба осбедидагони ноҳияи Мурғоб

12.08.2015 21:39

 

getImage777Ҷумҳурии Қирғизистон ба сокинони деҳаи Рангкӯли ноҳияи Мурғоб, ки бар асари селоб аз хонаҳои истиқоматиашон маҳрум шуданд, маводҳои сохтмонӣ  фиристод.
Ба иттилои ситоди ҳолатҳои фавқуоддаи вилоят,
ин кӯмакҳои башардустона аз 260 дона кӯрпа, 15 тонна семент, 5 метри кубӣ тахта ва 1102 метр тунука иборат мебошанд, ки сари вақт ба зарардидагон тақсим карда шуданд. Ҳамчунин сокинони деҳоти Аличул, Бердикободи ин ноҳия низ ба осебдидагон маводҳои сохтмонӣ ва кумаки моли ирсол намуданд.
Иловабаринбодастурираисивилоятазҳисобизахираидавлатӣ 100 тоннаорд, сетоннашакарбавоситаироҳиИшкошим  ва  200 литрравған, 3 тоннаордтавассутичархболба  ноҳияиМурғоб  овардашуд.
 
Ёдрасмешавем, киохиронофатитабиӣдарВилоятиБадахшон  6-умиавгустисолиравонрухдод, кибарасарион 13 хонаиистиқоматӣ, чандиншоотиёрирасонва   шабакаиобрасонииягонанеругохибарқӣхаробгардида, роҳиМурғоб- Ӯшнизмувақатан  басташуд.

 

 

Афғонистон: Шумораи кушташудагони Толибон ба 94 нафар расид

12.08.2015 21:33

image4908409Бино ба гузориши Вазорати мудофиаи миллии Афғонистон, 94 ҷангии Толибон, аз ҷумла се фармондеҳ дар натиҷаи амалиёти поксозӣ дар сар то сари ин кишвар кушта шудаанд.
Дар
натиҷаиамалиётипоксозиимузофотҳоиФорёб, Қундуз, Сари-Пул, Кунар, Кобул, Бодғис, Зобул, Урузғон, Ғазнӣ, ҚандаҳорваҲилманд 94 ҷангииТолибон, азҷумла 3 қумандонбезараргардонидашданд.
Дар амалиёт, 100 ҷангии Толибон  ҷароҳат бардошта, 22 тани дигар боздошт гардид.
Миқдори зиёди силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ мусодира гардида, 12 минаи зидди воситаи нақлиёт пайдо ва безарар карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз аз кушта шудани 52 ҷангии Толибон дар 9 музофоти ин кишвар хабар дода буданд.

 
 

Саҳифаи 9 аз 95

Back to Top