Хабар

Оё масъулин ба фармони Президент вокуниш нишон медиҳанд?

PDFПечать

 АА файлыАз содир шудани фармони  Президенти Тоҷикистон  "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма" даҳ сол сипарӣ шуд.

 Ин фармони раҳбари давлат, ки аз он бештар ба унвони фармони 622 ном мебаранд, дар миёни расонаҳои кишвар бо истиқболи гарм рӯ ба рӯ шуда, рӯзноманигорон бо як неруи  тоза  пайи ошкор намудани мушкилу камбудиҳои ҷомеа камар баста, эътиқод доштанд, ки таҳлилу танқиди воқеъбинона барои рушди пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Аммо мутаассифона, тайи солҳои ахир ба мушоҳида мерасад, ки баъзе мақомот аз ин фармон бохабар бошанд ҳам, баъди нашри  мақолаҳои танқидию таҳлилӣ ё пешниҳодот муҳри хомӯшӣ бар лаб мезананд.  Тафислоти бештар дар гузориши Зиёратшои Аҳмадшо: 

 

 

 

 

Бемасъулияти то ба кай!

PDFПечать

temurСимчубҳои деҳаи Давлатшоёни ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик, ки солҳои 60-уми асри гузашта насб шуда буд, акнун фарсудаву корношоям гардидааст.

Бо вуҷуди муроҷиатҳои пайдарпайи сокинони ин деҳа ба шабакаи барқ ва масъулини ноҳия то ҳол касе дар ҳалли ин масъала чорае  наандешидааст...  

 

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»

PDFПечать

32484792717 d4f1a644da zПас аз ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонони ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ ва роҳбарону фаъолони шаҳри Норак, ки дар базмгоҳи наврӯзӣ ба ифтихори таҷлили иди баҳору зебоӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии баҳори фархундапай ва Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуданд.

Президенти мамлакат, аз ҷумла, бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, мардуми худогоҳу худшиноси мо, аз ҷумла сокинони шаҳри Норак ба хотири ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашидаанд.

МУФАССАЛ...

 
 

Изҳороти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

PDFПечать

А- ИЗХОРОТМаркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба  сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуд. Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир холӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд.  Дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткен Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ карданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

МУФАССАЛ...

 

Мулоқот бо Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо

PDFПечать

2018-03-22unНимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгборо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо барои ба вазифаи Раиси ниҳоди “СММ-Об” таъин шуданашон табрик намуданд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд аҳамияти об - захираи муҳими инсониро барои рушди соҳаҳои мухталифи кишварҳо ва ҳифзи онро барои наслҳои оянда хуб дарк намоем ва Тоҷикистон кишвари фаъол дар пешбурди масъалаҳои об ва муаллифи аксари ташаббусҳои байналмилалӣ дар ин соҳа мебошад.

Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо дар навбати худ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари кишвари ташаббускору пешоҳанг дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, заҳматҳои хастанопазир ва талошҳояшон баҳои баланд дода, нақш ва ҳузури Сарвари давлатро дар Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ҳалкунанда номиданд.

Ҷонибҳо эълон намудани соли 2003 - Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 ба ҳайси “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”-ро аз тарафи Тоҷикистон аз ҷумлаи ташаббусҳои бобарор арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафу вазифаҳои Даҳсола аз рушди устувор, мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳҳо иборат мебоша ва бо итминон метавон гуфт, ки ин Даҳсола низ барои расидан ба ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ҷиҳати иштирок дар Конфоронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” даъват ба амал оварданд.

Бо нишони ҷонибдорӣ аз талошҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷилберт Хунгбо омодагии худро ҷиҳати иштирок дар Конфоронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” иброз дошт.

 
 

Саҳифаи 7 аз 101

Back to Top