Хабар

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

vohurii-namoyandagoni-vkd14.08.2017 Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ  Абдураҳмон Аламшозода ҷиҳати иштирок дар нахустин ҷаласаи Гурӯҳи ҳамоҳангсози Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи ҷаласаи мазкур муовини аввали Вазири корҳои дохилии ҶТ Абдураҳмон Аламшозода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов вохӯрӣ доир намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду инкишофи ҳамкории дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва дигар қонуншиканиҳо ибрози андеша намуданд.

«Ҳамчунин ҷиҳати табодули таҷриба, мубодилаи иттилоот ва пурзӯр намудани ҳамкории дуҷониба як зумра таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд»,-зикр намуд манбаъ.

 

ДИЛШОД НАЗАРОВ БА ФИНАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН РОҲ ЁФТ!

Dilshod-Nazarov-410.08.2017  Шоми  дирӯз   варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар Варзишгоҳи олимпии Лондон ҷараён дорад, дар гурзандозӣ бо натиҷаи 75.54 метр мақоми шашумро касб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  сабқати интихобӣ оид ба гурзандозӣ бо ширкати 32 варзишгар дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 75 метру 54 сантиметр ҳаво дод, ки ин нишондод дар гурӯҳи «А» натиҷаи панҷум аст. Вай аз рӯи натиҷагирии ҳарду гурӯҳ дар байни 32 нафар шашум шуд.

Рекорди инфиродии Дилшод Назаров 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа 25 майи соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст.

Дар сабқати интихобӣ Войтсех Новитски аз Полша бо натиҷаи 76.85 метр мақоми аввалро касб кард. Ҳамватани ӯ Павел Фаҷдек бо натиҷаи 76.82 метр дуюм шуд. Бигот Қуентин (Франсия) бо натиҷаи 76.11 метр дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Ба ин тартиб, 12 нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон ба даври ниҳоӣ, ки шаби  11 август баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Ба ҷуз Войтсех Новитски, Павел Фаҷдек, Бигот Қуентин ва Дилшод Назаров, боз ҳашт нафари дигар – Павел Бареиша (Беларус, 75.98 м), Бенсе Ҳалаж (Венгрия, 75.56 м), Ник Миллер (Британияи Кабир, 75.52 м), Алексей Сокирский (варзишгари бетараф, 75.50 м), Сергей Марчиев (Молдова, 75.18 м), Валерий Пронкин (варзишгари бетараф, 75.09), Озкан Балтаси (Туркия, 74.69) ва Марко Лингуа (Италия, 74.41 м) ба финал баромаданд.

Дар даври ниҳоӣ навбати Дилшод Назаров, чемпиони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Браилия, ки таҳти шумораи 1318 рақобат мекунад, ҳаштум аст.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар мусобиқаи пешини Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки соли 2015 дар Пекини Чин баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, мақоми дуюмро касб кард ва соҳиби медали нуқра гардидааст. Рақиби аслиаш Павел Фаҷдеки поляк бо натиҷаи 80.88 метр ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буд.

Дилшод Назаров моҳи июли соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир шуд, бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Натиҷаи беҳтаринаш дар мавсими имсола 77.81 метр мебошад, ки ӯ бо ин нишондод дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех мақоми чаҳорумро касб кардааст.

Бояд зикр кард, ки дар чемпионати ҷаҳон беш аз ду ҳазор варзишгари зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон барои 47 маҷмӯи медалҳо то 13 август мубориза мебаранд.

Баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 15 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Кения бо 7 медал (3-1-3) дар мақоми дуюм ва Африқои Ҷанубӣ бо  4 медал (2-0-2) дар мақоми сеюм қарор доранд.

 

Роҳбарони сохторҳои бехатарии саноатии ИДМ дар Гулистон ҷамъ меоянд

IDM-SNG09.08. 2017 14-15  сентябри соли равон  дар шаҳри Гулистон, воқеъ  дар шимоли Тоҷикистон  ҷаласаи 15-уми Шӯрои  байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба бехатарии саноатӣ баргузор мегардад.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Хадамоти назорати  давлатии бехатарии корҳо дар  саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ  доданд. Интизор меравад дар ҷаласаи  15-уми Шӯрои  байнидавлатии  ИДМ оид ба бехатарии  саноатӣ  масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои  марбут ба бехатарии саноати кишварҳои ИДМ  матраҳ гардад.

Бояд тазаккур дод, ки ба ҳайати Шӯрои байнидавлатии  ИДМ оид ба бехатарии саноат  нӯҳ кишвари  ИДМ-  Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон  ва Украина шомиланд.

Шӯро бо мақсади ҳалли проблемаҳои марбут ба бехатарии саноатӣ ва таъмини кафолати амнияти ҳаёт ва саломатии  кормандоне, ки дар иншооти хатарнок кор мекунанд, инчунин ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист  аз садамаҳои  техногенӣ бо назардошти истифодаи самараноки таҷриба ва дастовардҳои илмию техникӣ  созмон дода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи 14-уми Шӯрои  байнидавлатии  кишварҳои  ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ  соли гузашта дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон доир гардида буд.

 
 

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзоободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

35620430064 0013985f08 z209.08.2017 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолону собиқадорон, намояндагони ҷавонон ва аҳли илму фарҳанг бо самимияти беандоза истиқбол намуданд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 иштирок намуданд.

Ин бинои таълимӣ, ки барои 620 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо харҷи 2 миллиону 680 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар ин ҷо барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароиту имкониятҳои муосири илмомӯзӣ фароҳам мебошад.

Бинои асосии мактаб, ки аз ду ошёна иборат аст, дорои 10 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон буда, дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он барои омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ туҳфаи арзишманд ба ҳисоб меравад.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки  корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ҶДММ «Сорво» дар муҳлати бештар аз як сол дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби нотакрори сохтмонию меъморӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расониданд.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф, алалхусус зиёд намудани теъдоди мактабҳои наву бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз намудани онҳо тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Бо ин мақсад аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар намуда, барои ба камол расонидани насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва аз худ намудани илмҳои замонавӣ аз таҷрибаи пешрафта истифода баранд.

Дар ин муассисаи таълимӣ ҳамчунин се синфхонаи ҳунаромӯзӣ, аз қабили дуредгарӣ, дӯзандагӣ ва омода кардани таомҳои гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки барои соҳибкасб гардидани духтарону писарони деҳаи мазкур метавонанд нақши калон дошта бошанд.

Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ 40 нафар омӯзгорон ба зиёда аз 900 нафар хонандагон дарс мегӯянд.

Танҳо дар давоми 20 соли охир дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 30 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд ва ҳамзамон дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар ин ноҳия бунёди 14 иншооти замонавии дигар тарҳрезӣ гардидааст.

 

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон

36455026985 eaac8d4e24 z 09.08.2017 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати  шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии сокинон ва фаъолияти кишоварзон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Мардуми сарбаланди ин ноҳия муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба Пешвои муаззами миллат ба воситаи барномаи вижаи фарҳангӣ, ки ба хотири  истиқболи арзандаи Сарвари давлат дар фурудгоҳи муваққатӣ доир шуд, баён намуданд.

Сарвари давлат дар ноҳияи Хуросон нахуст бо ҷараёни  кишти такрорӣ  дар Хоҷагии деҳқонии ба номи “Бобои Сайфиддин”-и Ҷамоати деҳоти «Садриддин Айнӣ» шинос гардиданд. Хоҷагии мазкур 10 гектар замини обиро дар ихтиёр дорад, ки дар майдони 0,30 гектари он пас аз гирифтани ҳосили якум аз гандум дигар зироату сабзавот, аз ҷумла карам, сабзӣ ва қулфинай такроран кошта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол барзгарони ин хоҷагӣ аз ҳамаи навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Аз ҷумла, дар ноҳия деҳқонон аз як гектар замини обӣ то  52 сентнерӣ ҳосили гандум рӯёндаанд. Дар маҷмўъ дар миқёси ноҳияи Хуросон аз майдони умумии 4 ҳазору 975 гектар замин 17 ҳазору 550 тонна ҳосили гандум ғундошта шудааст.

Пешвои миллат дар ин хоҷагӣ бо вазъи пахтакорӣ низ шинос шуда, мавсими имсолаи ғунучини пахтаро расман оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки соли дуюм аст дар ин хоҷагӣ дар майдони 5 гектар пахтаи навъи «Хатлон-2014» кишт мегардад, зеро он ба иқлими ин минтақа мутобиқ буда, деҳқонон аз ҳар як гектар замини кишт аз 40 то 50 сентнерӣ ҳосил мегиранд. Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон майдони пахтазор сол аз сол васеъ шуда, соли ҷорӣ дар ҳамаи ҳоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони умумии 4 ҳазору 330 гектар пахта кишт шудааст.

Дар назди заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти ба номи «Садриддин Айнӣ» намоиши дастранҷи деҳқонон, маҳсули дасти ҳунармандон ва дастовардҳои соҳаи саноати ноҳияи Хуросон ба маърази дид гузошта шуд. Дар саҳни намоиш Сарвари давлатро кадбонуҳои чирадасти ноҳия бо  нонҳои боллазати тоҷикӣ, ки аз орди гандуми маҳаллӣ омода шудаанд, пешвоз гирифтанд. Дар намоиш инчунин дигар хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти қаннодӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. 22 намуди меваи  хушсифати содиротӣ, ба монанди себ, ангур, олу, бодом, нок, биҳӣ ва  шафтолу, ки ҳамаи ин маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии фермерии ба номи «Асадулло» парвариш карда мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии боғҳои хоҷагии мазкур ба 2 ҳазор гектар расонида шудааст, ки дар он 17 намуди дарахтони мевадиҳанда парвариш карда мешавад. Дар хоҷагии мазкур дар масоҳати 130 гектар боғи интенсивӣ бунёд шудааст, ки дар он 14 навъи себи содиротӣ парвариш меёбад.

Сарвари давлат ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон иброз намуданд, ки аз ноҳияи Хуросон ба давлатҳои хориҷӣ ба ғайр  аз меваю сабзавоти тоза, инчунин маҳсулоти консервашуда низ бояд содирот гарданд. Аз ин хотир масъалаи ташкили  корхонаҳои коркарди меваю сабзавот  дар миқёси ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, дар фурсатҳои кӯтоҳ бояд сурат бигирад. Маҳсулоти аз шир истеҳсолшаванда дар ин намоишгоҳ аз ҷониби Хоҷагии зотпарварии «Саодат» пешниҳод гардидааст. Айни ҳол дар фермаи ин хоҷагӣ зиёда аз 560 сар гови ширдеҳи зоти «Сементал» ва «Голдштейн» парвариш карда мешаванд. Дар корхонаи коркарди шири «Саодат» зиёда аз 4 намуди маҳсулоти ширӣ  истеҳсол мешавад.

Пешвои миллат аз пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва заҳмати шабонарӯзии барзгарон изҳори хушнудӣ карда, иброз намуданд, ки мардуми меҳнатқарини ноҳияи Хуросон бо меҳнати софдилона ва содиқона дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардонидани дастархони аҳолии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

 

 
 

Саҳифаи 3 аз 95

Back to Top