Пешниҳоди ҳукумати Таиланд дар хусуси интихобот

intikhobҲукумати Таиланд пешниҳод кардааст, ки интихоботи парлумониро, ки дар натиҷаи он бояд ҳукумати нав таъсис дода шавад ба 3 – юми август таин кунанд. Дар ин хусус намояндаи расмии Комиссияи интихоботии шоҳигарӣ – Сомчай Сисутхиякон иттилоъ додааст.

Комиссияи интихоботӣ ҳамчунин тасдиқ кардааст, ки ҳукумати муваққатӣ қарори марбутаро бо дарҷи рӯзи баргузории ин маъракаи сиёсӣ барои имзо ба шоҳи ин кишвар – Пумипон Абудлядат пешниҳод кардааст. Мавриди зикр аст, ки интихоботи пешакии парлумонӣ дар ин кишвар 2 – юми феврал доир гардида буд, ки бинобар сабаби бойкот шуданаш аз ҷониби мухолифин, беэътибор дониста шуда буд.

Агентии ИТАР ТАСС дар такя ба гуфтаҳои Сомчай Сисутхиякон, иттилоъ додаст, ки эълони ҳукумати низомӣ ба баргузории интихоботи умумимиллии парлумонӣ таъсири манфӣ нахоҳад расонд. Бояд гуфт, бар зидди интихоботи пешакӣ ҳизби демократии ин кишвар, ки натавонистааст давоми 20 – соли охир ҳукуматро ба даст орад, садо баланд карда будааст.

Back to Top