МАҚОЛА

                   З А Б О Н И   Т О Ҷ И К Ӣ  З А Б О Н И  Д А В Л А Т Ӣ
 
        Забони тољикї то ба замони мо   расидан,   роњи дуру дароз ва таърихиеро тай намудааст. Дар ин муддат борњо ба мибарњои баланд баромада, ба њайси забони давлатии сулолаи давлатдорони   бузург хизмат кардааст. Ин буд, ки забони тољикї      њамеша дар рушд, такомул ва пешравї ќарор дошт.
            Рушди ҳақиқии забони тоҷикӣ ба аёми соҳибистиқлолии кишвар рост меояд. Маҳз дар ин давра  забони тољикї ба маснади забони давлатї расид ва мақоми расмиро соҳиб гардид.
            Ба вуљуд омадани чунин имкон наќш ва маќоми забонро ба маротиб боло бурд. Имрӯз дар Љумњурии Тољикистон фаъолият ва коргузории њама гуна муассисаю ташкилот, макотибу таълимгоњњо, донишкадаю донишгоњњо ба воситаи забони тољикї ба роњ монда шудаанд. Ба ифодаи дигар барои рушду такомули забон як заминаи мувофиќ ва як давраи њаќиќии пешравию нашъунамо ба вуљуд омадааст. Ҳоло њар як сокини кишвар имкон дорад, ки забони модарии худро бо њама махсусиятњо ва нозукињояш омўзаду аз худ намояд. Гуфтан мумкин аст, дар љумњурї дигар омиле вуҷуд надорад, ки пеши роҳи рушду такомули забони тоҷикиро гирад ва ба инкишофу пешрафти он халал ворид намояд.
            Аммо бо вуљуди фароњам омадани чунин як вазъи мувофиќ барои рушду инкишофи забони тољикї, мутаассифона њоло њам дар   масъалаи тарзи омўзиш, муносибату муошират, тариќи азхудкунї, рафти коргузорї ва боз дар чанд пањлуи дигари фаъолияти он камбудињои љиддї ба назар мерасанд, ки њадалимкон ислоњро таќозо доранд.
            Дар њаќиќат вуљуд доштани чунин камбудињо, ки метавонанд ба вусъати забономӯзӣ халал расонанд ва инкишофи забонро суст гардонанд, падидаи номатлуб мањсуб мешаванд.   Барои ҳамагон мусаллам аст, к         Имрўз аксарият ба забони сода ва  авом ҳарф мезананд, ки ин ҷаззобияти забони бои моро аз байн мебарад. Ҳоло ҳам забони гуфтугўии ҷавонони мо махлут, яъне олудаи забонҳои дигар аст ва ин раванд идома дорад. Аснои гуфтугӯ, ба хотири худнамоӣ, аксари онњо дар ибтидо бо тољикї ва баъд бо забони шикаста ва хатою номафњуми русӣҳарф мезананд, ки ин ҳусни њарду забонро мекоҳонад. Аз надоштани одоби муоширати ин гуна касон пеш аз ҳама забони модарии мо зарар мебинад. Зеро дар ин гуна мавридҳо ягон норма ва қоидаи он риоя намешавад ва табиист, ки ин таъсири худро ба атроф мерасонад. Яъне, чунин гуфтугўйҳо миёни мардум расм мешавад. Норма ва қонуниятҳои забон, ки ҳазорсолаҳо боз риоя шуда омадааст, имрӯз аз ҷониби ин гурӯҳи бесавод ва бесалоҳият поймол мегардад. Ин бесалоњиятї њамоно идома дорад.
            Чизи аз њама бад он аст, ки дар қиболи ин падидаи номатлуб љомеа бетарафиро ихтиёр кардааст ва касе кушиши ислоњ кардани вазъро намекунад. Мебояд дар ин гуна мавридњо њар як соњибзабон, ки   забони модарї барояш ќимат дорад, назари худро иброз намояд. Лоаќал имкон надињанд, ки дар љойњои љамъиятї, ин гунна муносибату муошират ба миён биояд. Вале мутаассифона, ин њолат на танњо шахсони алоњида, балки он касонеро, ки барои њимояи манфиатњои забони тољикї мутасаддиянду дар маќомоти салоњиятдор ифои вазифа менамоянд, ба ташвиш намеорад. Ин аст, ки онњое ки нисбати забони модарї ва забони давлатии худ ин гуна муносибатро раво мебинанд, бемуҷозот мемонанд.
            Аслан, дар ин гуна њолатњо, ки як навъ ќонуншиканї мањсуб мешавад, мебояд Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» ба кор дарояд ва мутобиқи он гунаҳгорон ҷазо бинанд. Охир, чаро, вақте ки ронанда чароғаки сурхро итоат накарда мегузрад, муҷозот мебинад, ё каси дигар, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунад, ҷазо мегирад. Пас, чаро оне, ки қонунро дар бораи забон вайрон мекунад, беҷазо монад?! Бигузор, њар касе, ки ќоидањои муќаррарнамудаи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» - ро вайрон менамояд, мутобиќи њамин ќонун муљозот бубинад.
                        Агар ин иќдом сурат бигирад, он  барои риояи нормањои забони тољикї як такони ҷиддї хоҳад шуд. Зеро дигар ин хатоиҳо такрор намешаванд ва мардум ба риояи ќоидањои забони модарї одат менамоянд. Аз љониби дигар ин барои њар як сокинони кишвар  њушдори бузурге мегардад ва  минбаъд њар шањрванд дар муносибат ба забони давлатї як   масъулияте эњсос мекунад. Ў эњсос мекунад, ки барои вайрон кардани Қонун ЉТ «Дар бораи забони давлатӣ» ҷазо муќаррар шудааст.
            Имрўз ба шањри зебои Душанбе, ки пойтахти Ватани мо аст, њазорон саёњон аз мамолики хориљ ворид мегарданд ва аз зебоињои нотакрори он бањраравар мегарданд. Аммо афсўс, ки дар ин шањри зебою муќтадир садњо номњои номувофиќ ва даѓалу бемаънї, шиору овезањои бемаврид дар ќади роњњо ва дар пештоќи дукону  маѓозањо, гузошта шудаанд, ки њусни шањрро хеле зиёд мекоњонанд.
            Чунончӣ: солҳост, ки дар пешайвонҳои ошхонаҳо бо ҳарфҳои калон менависанд. «Ошхонаи миллӣ». Шумораи ҳамин гуна ошхонаҳо танҳо дар ш.Душанбе аз сад адад беш аст ва маҷмуан дар кишвар маълум, ки аз ҳазор ҳам мегузарад. Оё дар њаќиќат ин гуна ошхонаҳоро, ки њамарўза барои аз 15 то 100 нафар одам хўрок омода менамоянд, бояд «Ошхонаи миллӣ» номид? Ин ошхонањо воқеан њам ошхонаи миллиянд?
            Дуруст аст, ки мо «Китобхонаи миллӣ», «Осорхонаи миллӣ», «Донишгоҳи миллӣ», «Боғи миллӣ» ва боз бисёр чизҳои дигари миллӣ дорем, ки шумораашон воҳид аст. Чӣ заруратест, ки боз беш аз ҳазор адад ошхонаи миллӣниз дошта бошем?! Ин ҷо аз бесаводии соҳибони ин   ошхонаҳо, қоидаи забон риоя намешавад. Онҳо бояд бинависанд: «Ошхонаи хӯрокиҳои миллӣ» ва аз ин масъулияти гарон фориғ монанд. Тафриќа миёни вожањои «Ошхонаи миллї» ва «Ошхонаи хўрокињои миллї» аз замин то осмон аст.
           
          Мушоҳида кардам, ки мо ҳамеша ба дигарон, ба халқҳое ки забони худро хуб медонанд ва ба он озодона ҳарф мезананд, ҳасад мебарем. Ҳатто ба афғонҳо, ки бо мо ҳамзабонанду бо ин забон роҳат ҳарф мезананд, бисёр ҳасад мебарем.
            Маълум, ки ба ин ва ё он забон озодона ҳарф зада тавонистан аз мањорати забондонии кас вобастагї дорад, на аз чизи дигаре. Намояндаи њар қавму миллате, ки ба забони худ озодона ҳарф зада метавонад, ин шањодати он аст, ки дар ватани ў забон ќадру манзалат дорад ва њар шањрвандаш ба он арљу эњтиромеро ќоил аст.
            Љои афсўс аст, ки имрӯз ҳазорон ҳамдиёрони мо дар Тоҷикистон бо мо якљоя мезиянд, вале бо забони мо ҳарф зада наметавонанд. Аммо аз ин хиҷолатмандӣ изҳор намекунанд. Баръакс як навъ ифтихор мекунанд, ки забони дигарро медонанду барои онҳо донистани забони тоҷикӣ он қадар зарурате надорад.
            Ман мушоҳида кардам, ки паштунҳои Афғонистон забони тоҷикиро хеле хуб медонанд ва ба он озодона ва зебо ҳарф мезананд. Мебояд дар ҷавоби ин амал тоҷикҳои Афѓонистон ҳам забони паштуниро, ки он њам забони давлатист, хуб бидонанд ва ба он хуб муошират намоянд.
            Зимнан, таҳсин ба роҳбарони давлати Афғонистон бояд гуфт, ки ин ду забонро хеле хуб медонанд ба он ҳарду озодона ҳарф мезананд. Ҳомид Карзай ки худ паштун аст бо тоҷикӣ зебо ҳарф мезанад. Ин амал аз ҷониби дигар роҳбарони гузаштаи Афғонистон низ хуб риоя мешуд, ки ин шоистаи тањсин аст.
            Имрӯз ҷавонони мо низ мехоҳанд забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисиро донанд. Ин падидаи нек аст. Вале онҳое, ки дар дил ҳаваси забономӯзӣ доранд, мебояд дар аввал забони тоҷикиро хуб аз бар кунанд, то дар ин роҳ ба мушкилоте рӯ ба рӯ ншаванд.
            Ҳоло барои ҳар хоҳишманде, ки омӯхтани ин ва ё он забонро мақсад гузоштааст, ҳеҷ душворӣ вуҷуд надорад. Дар ин роҳҳама чиз мерасад. Интернет, китобу дастурҳои зиёд ва маводҳои аудовизуалӣ. Ҳатто имконе ҳаст, ки одам роҳрвон бемалол тавассути телефони њамроњ дилхоњ маводро аз бар намояд. Чунин имкон дар ҳеҷ давру замон вуҷуд надошт.
            Бо вуљуди ин њама имконоте, ки гуфтем, донистани забони модарӣ зарур, муҳим ва ҳатмист. Агар мо хоҳем, ки забонҳои дигарро донему аз худ намоем, ҳатман ин амал тавассути донистани забони тоҷикӣ сурат мегирад. Бењуда нагуфтаанд:
                                   Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
                                   Донистани сад забон осон гардад.
            Забономӯзӣ танҳо ва танҳо тавассути забони модарӣ амалӣ мегардад. Он касоне, ки аз илми забоншиносӣ воқифанд, медонанд, ки забонҳои дунё ба якдигар хеле қаробат доранд ва ба гуруҳҳои гуногун таќсим мешаванд. Забонҳое, ки ба якдигар хешанд аз лиҳози савтиёт калимасозӣ, банду басти марфологӣ наздикӣ доранд. Агар пас яке аз ин забонҳоро хеле хуб аз худ карда бошад, дар омўхтани забонҳои дигар ба душворӣ рӯ ба рӯ намешавад. Зеро аз чї шурӯъ кардану ба чӣ анҷом додани корашро медонад ва ба амали беҳуда роҳ намедиҳад.
            Донистани танњо забони муошират, ин маънои донистани забонро надорад. Зеро шифоҳӣ гуфтугў кардану фикрро баён намудан хеле осон аст, дар қиёс ба таври заттӣ баён доштани андеша. Мебояд ҳар забонеро дар доираи қонуниятҳояш аз бар намоем. Яъне,   босаводона донистани забон хеле муҳим аст.
            Асри нуздаҳумро русҳо асри тиллоӣ меноманд. Зеро маҳз дар ин аср забон ва адабиёти рус ба авҷи аълои тараќқиёт расид ва нобиғаҳои зиёдеро ба олам дода тавонист. Дар ин аср Пушкин, Лермонтов, Грибоедов, Ломоносов, Толстой, Чернищевскый, Чехов, Гогол ва даҳои дигар зиндагию эҷод карданд. Ин ҷо суоле меояд, ки чаро маҳз дар асри нуздаҳум?
            Сабабаш дар он буд, ки дар ин аср як равияи забономӯзӣ миёни элитаи фарҳангии Румия ба вуҷуд омад. Он замон агар зиёии рус ду ва се забонро намедонист, худро зиёӣ намегуфт. Ё намояндаи аристократия агар ба ду - се забон ҳарф зада наметавонист, худро аристократ, яъне сарватманд намегуфт. Аслан, идеяи забондонӣ аз зиёиёни рус не, балки аз сарватмандони он сар зада буд. Дар оилаи сарватманди рус чор панҷ забон дар як вақт омӯзонида мешуд. Барои ин аз ҳеҷ гуна хароҷот рӯй наметофтанд ва беҳтарин омӯзгори забони хориҷиро даъват мекардану ба фарзандонашон таълим медоданд. Дар ин гуна оилаҳо расм шуда буд, ки ҳар ҳафтаро ба омӯзиши ин ва ё он забони алоҳида бубахшанд. Масалан, як ҳафта ҳама аҳли оила бо забони немисӣҳарф мезаданд. Ҳафтаи дигар ба забони англисӣ. Ҳамин тавр идома мекард: франсузӣ, итолиёвӣ, лотинӣ ва ғайра.
            Таъсири ҳамин забономӯзиҳо буд, ки Володя Ульянов (Ленин) ҳангоми дар Аврупо ба корҳои инқилобӣ машғул будан, бо забони немисӣ, франсавӣ, англисӣ ва лотинӣ чун бо забони модарии худ ҳарф мезад.
            Маҳз ҳамин забондонии Ленин сабаб шуд, ки ӯ тамоми идея ва андешаҳояшро дар бораи дигаргун сохтани ҷомеа амалӣ карда тавонад. Ҳамин тариқӯ тавонист ҷаҳонро ба ду қисмат ҷудо кунад. Олами сармоядорон ва олами камбағалон. Бузургтарин дастоварди инсоният –   роҳ ба сӯи коинот маҳз аз ҷониби давлате, ки Володя Улянов сохта буд, кашф шуд.
            Амрико, ки имрӯз аз ҳашамату бузургӣ оламро ба ларза андохта аст, дар назди давлате, ки ӯро Володя Улянов сохта буд, як айём ба зону афтода буд ва аз бинӣ боло њарф зада наметавонист.
            Манзур аз ин гуфтаҳо чист? Боз ҳам воло донистани забон ва каси забондон. Яъне, оне ки чанд забонро медонад, ӯ муқтадир, бузург ва беназир аст.
            Ҳар нафаре, ки агар дар дил хоҳиши ба Ватану миллати худ хизмат карданро дошта бошад, мебояд аз омӯзиши забон шурӯъ кунад. Каси забондон мисли соҳирест, ки бо калиде дари хазинаи асрореро мекушояд. Ҳар калиди ӯ як забон аст, ки қулфи хазина маҳз бо он кушода мешавад. . Агар ӯ панҷ калид дошта бошад, қулфи панҷ хазинаро мекушояду сеҳрашро аз худ мекунад, агар даҳ калид дошта бошад, даҳ хазинаро.
            Имрӯз мебояд дар роҳи донистани забони модарӣ, ки он дар навбати худ забони давлатӣ низ ҳаст, имтиёз муқаррар гардад. Ин имтиёз на танҳо дар қабули донишҷӯён ба макотиби олии ишвар, балки мебояд дар пешбарӣ ба мансаб, унвон, мукофот ва дигар мақомњои ифтихорӣ низ муқаррар карда шавад. Яъне, касе, ки забони давлатиро намедонад, ба ҳеҷ гуна мансабу мақом ва унвону мукофот пешбарӣ карда нашавад.
            Гумон мекунам, ин чиз як сади одилонаест, ба ҳамаи онҳое, ки забони модарии худро намедонанд. Фикр мекунам, аз ин муҷозот ҳеҷ кас хафа намешавад. Зеро ҳар касе агар заррае ҳисси миллӣ дошта бошад, сари андеша меравад, ки ин ҳукм дар ҳаққи онҳое, ки забони модарии худ ва забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намедонанд, дуруст ва одилона аст. Маҳз чунин муносибат бозори мансабталошонро, ки мирӯз хеле гарм шудааст, коста мегардонад ва пеши роҳи камхирадону чалласаводонро мегирад. Аз дигар ҷониб, ҳамагон барои омӯзиши забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои пурқуввати давлатдорист, часпу талош мекунанд.
            Дигар ин ки воқеан ҳам донистани забон барои ҳамаи роҳбарони зинаҳои гуногуни роҳбарї муҳим аст. Роҳбари забондон, хирадманд ва оқил, бешаку шубҳа аз ҳамтои нодон ва бесаводи худ, ки ҳатто забони модарии худро намедонад, сад сару гардан боло меистад. Ин тафриқа албатта ба нафъи халқу миллат хоҳад буд.
            Аз ҷониби дигар афзалият додан ба фазилати забондонӣ ин боиси ифтихор ва сарфарозӣ хоҳад буд. Ҳар нафаре, ки ин имтиёзро соҳиб аст, на танњо унвону вазифа ва мекофот, балки њама гуна ҳавасмандие, ки дар ин замина сурат мегирад, ҳалолаш буд!
            Фаразан, агар чунин имтиёзро ҳар нафари ғайри тоҷик низ соҳиб шавад, ҳалолаш бад унвону вазифа!
            Мутасифона, имрӯз дар аёми ҷаҳонишавии босуръат, ки хатарҳои зиёдеро барои аз байн бурдани арзишҳои миллӣ ба бор меорад, мо тадбири ҷиддие андешида наметавонем.
            Давлатҳои бузургу муктадир моро ба тариқи дигар маҳв кардан мехоҳанд. Дар ин маврид ҳам мо танҳо як имкон дорем, ки аз тариқи фарханги пурғановати ҳазорсола кор бигирем. Боз ҳам донистани забон, ки аз рукнҳои пуриқтидори фарҳанги миллист, барои мо хизмат карда метавонад.
                                                                                                                                                                         А. Зарифї .
                       
Back to Top