Интиқоли 10 – ҳазор нерӯҳои сулҳовар ба Африқои Марказӣ

dabir Дабири кулли СММ – Пан Ги Мун дирӯз пешниҳод кардааст, ки ба Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ҷиҳати танзими вазъ 10 – ҳазор сарбоз ва 1,8 – ҳазор полис ҳамчун нерӯхои сулҳовар интиқол дода шавад. Дар ин хусус Агентии «Франс Пресс» дар такя ба изҳороти роҳбари созмони ҷаҳонӣ ба Шурои амнияти СММ, иттилоъ додааст. Пан Ги Мун гуфтааст, ки вазифаи асосии ин ҳайат аз муҳофизати шаҳрвандони осоиштаи ин кишвар иборат мебошад. 

  

Ба хотири танзими вазъ ва муҳайё сохтани шароити мувофиқ барои гузаронидани интихоботи президентӣ ҳайати ғайринизомиёни сулҳовар зиёд карда мешавад – гуфта шудааст дар изҳороти Дабири кулли СММ. Бино ба иттиллои манбаъ нерӯҳои сулҳовари СММ ба ин кишвар то моҳи сентябри соли равон ворид карда мешаванд. Мавриди ёдоварист, ки аз моҳи декабри соли гузашта инҷониб ин кишвар дар шароити бӯҳрони сиёсӣ ба сар мебарад.

Back to Top