Нигаронии СММ аз Кореяи Шимолӣ

панг Котиби генералии СММ – Пан Ги Мун аз ҳукумати Кореяи Шимолӣ даъват ба амал овардааст, ки вазъи ҳуқуқи инсонро дар кишвараш беҳтар созад. Дар ин хусус дар изҳороти СММ, ки аз ҷониби Мартин Несирке намояндаи расмии ин созмон нашр шудааст, гуфта шудааст. Ба гуфтаи номбурда Пан Ги Мун аз изҳороти пахшшудаи комиссияи СММ оид ба бад будани вазъи ҳуқуқи инсон дар Кореяи Шимолӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Тавре хабар дода мешавад ин комиссия дар натиҷаи татқиқоти гузаронидааш қарор карда буд, ки амалкардаи роҳбарияти ин кишвар бояд дар додгоҳи байналмиллалӣ муҳокима шавад.           

Тавре Агентии «РИА Новостӣ» хабар медиҳад дар натиҷаи татқиқоти яксолаи ин комиссия санадҳое ҷамъоварӣ шудаанд, ки дар хусуси қатли ом, истифодаи шиканҷа ва ба роҳ мондани гуруснагӣ ба аҳолии ин кишвар аз ҷониби ҳукуматро тасдиқ мекунанд. Натиҷаи ташхиси комиссия дар изҳороти 372 – саҳифагии он нашр шудааст. 

Back to Top