Тоҷикистон дар феҳристи нави ФИФА боз се зина боло шуд

ФИФА Тоҷикистон дар феҳристи нави ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол), бо 285 имтиёз се зина боло шуд ва дар мақоми 110-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 14-ум ва миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 11-ум мебошад ва аз Латвия (111), Қазоқистон (128), Туркманистон (129) ва Қирғизистон (148) боло ҷойгир шудааст. Дастаҳои мунтахаби Украина (18), Русия (22), Арманистон (30), Ӯзбекистон (57), Беларус (82), Эстония (91), Озарбойҷон (93), Литва (102), Гурҷистон (103) ва Молдова (107) пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

 

Тавре ки дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар охирин бозиаш, ки дӯстона буд, рӯзи 15-уми октябри соли гузашта дар шаҳри Бишкек бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 4-1 ғолиб омад. Ба гуфтаи Муҳаммадиев, имсол 7 бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст

Back to Top