vtem newsroll

Дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид

vtem newsroll

Маҷмӯаи афсонаи мусаввари «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик» дар Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расид

vtem newsroll

Аз шаҳри Душанбе 5 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

vtem newsroll

НАВРӮЗ – МУЖДАЕ АЗ ОСОРИ КУҲАН. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашни бостонии миллати тоҷик ва эҳёву шукуҳи он дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

vtem newsroll

Тавсияҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон оид ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус

Ба Қонун «Дар бораи кино» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд

PDFПечатьE-mail

Zokirov 01Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки мақомоти масъулро барои пеш аз пахш ё намоиши кино огоҳ намудани тамошобинон оид ба таснифбандии синнусолӣ вазифадор менамояд.  

Дар ин хусус вакилони мардумӣ имрӯз зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар Душанбе қарор қабул намуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати панҷум (солҳои 2015-2020) пешниҳод гардидааст.

Муовини Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Бахтовар Сафарзода зимни шарҳи масъалаи мазкур иттилоъ дод, ки лоиҳа бо мақсади такмили қонунгузорӣ пешниҳод шудааст.

Тибқи тағйироти воридгардида, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кино вазифадор мегарданд, ки вобаста ба синну сол ба воситаҳои пахшкунандаи кино – филмҳо ва намоиши онҳо таснифбандӣ муқаррар намоянд.Bahtovar-Safarzoda-1

«Сухан сари он меравад, ки пеш аз пахш ё намоиши кино масъулин бинандаро бояд огоҳ карда, аломатҳои +0, +6, +12, +16 ва +18-ро мувофиқ ба таснифбандии синнусолӣ, ки ба стандартҳои байналмилалии намоиши кино мувофиқат мекунад, гузоранд»,- афзуд Бахтовар Сафарзода.

Ба гуфтаи ин вакили мардумӣ, пас аз қабул шудани қонуни мазкур субъектони алоҳида, ки оид ба намоиш ва пахши кино дар мамлакат  ваколатдор мебошанд, уҳлдадор мешаванд, ки ё дар ноқили интиқолдиҳандаи кинову филмҳо ва ё ҳангоми пахши онҳо дар як гӯшаи эфир ин аломатҳоро нишон диҳанд.

Дар лоиҳаи муҳокимашуда якчанд тағйироти дорои хусусияти услубӣ, матнӣ ва  имлоӣ пешбинӣ шудаанд, ки дар маҷмӯъ ба баланд шудани сифиати қонуни мазкур ва мутобиқкунонии он ба қонунгузории соҳавӣ мусоидат менамояд.

Бо назардошти ин бо овоздиҳии аксарияти вакилони мардумӣ лоиҳаи қонуни муҳокимагардида қабул гардид. Пас аз гузаштан аз марҳилаҳои дигари қонунгузорӣ ва нашр шудан дар матбуоти расмӣ он мавриди амал қарор мегирад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино», ки соли 2004 қабул гардида буд, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии соҳаи киноро муқаррар ва принсипу тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар рушди ин соҳа муайян менамояд. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 18 модда иборат мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

On-Line

01 02  03 04 

 

  

 

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

МО дар FACEBOOK

Back to Top