«Субҳи беғуруб»-и шоир Ато Мирхоҷа ба нашр расид

PDFПечать

Subhi begurubНашриёти «ЭР-граф» маҷмӯаи ашъор, достон ва манзумаҳои шоири шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода Ато Мирхоҷаро таҳти унвони “Субҳи беғуруб” ба нашр расонда, дастраси хонандагон намуд.

Маҷмӯа ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интишор ёфтааст.

Ато Мирхоҷа дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дар китоб манзумаҳои «Субҳи беғуруб» (бахшида ба Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Истиқлол» (бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон), «Анҷумани наврӯзӣ»  (бахшида ба мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён, 6 ноябри соли 2017), (эҳдо ба ифтитоҳи Боғи устод Айнӣ дар таъмири тоза), достонҳои «Нуристон» (роҷеъ ба сохтмони НБО-и “Роғун”), «Ҷони ширин» (бахшида ба Ваҳдати миллӣ) ва шеърҳое, ки бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суруда шудаанд, гирдоварӣ гардидаанд.

Муҳаррири маҷмӯа Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло мебошад.

 

 Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Back to Top