vtem newsroll

Дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид

vtem newsroll

Маҷмӯаи афсонаи мусаввари «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик» дар Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расид

vtem newsroll

Аз шаҳри Душанбе 5 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

vtem newsroll

НАВРӮЗ – МУЖДАЕ АЗ ОСОРИ КУҲАН. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашни бостонии миллати тоҷик ва эҳёву шукуҳи он дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

vtem newsroll

Тавсияҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон оид ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус

Дар Парлумони Тоҷикистон се фраксияи ҳизбҳои сиёсӣ ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ ба қайд гирифта шуданд

PDFПечатьE-mail

VakilonДар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон се фраксияи ҳизбӣ ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ ба қайд гирифта шуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар робита ба ин зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 15 апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода  дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қарори дахлдор қабул шуд.

Тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастури Маҷлиси намояндагон вакилони мардумӣ барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсӣ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботии худ  ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.

«Бо назардошти меъёрҳои муқарраргардида ва қабули қарори дахлдори Маҷлиси намояндагон дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат се фраксияи ҳизбҳои сиёсӣ ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ таъсис ёфта, ба қайд гирифта шуданд», — афзуд манбаъ.

Тибқи қарори қабулгардида, фраксияҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 42 нафар, Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар ва Гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар ҳайати 5 нафар дар Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

On-Line

01 02  03 04 

 

  

 

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

МО дар FACEBOOK

Back to Top