vtem newsroll

Дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид

vtem newsroll

Маҷмӯаи афсонаи мусаввари «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик» дар Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расид

vtem newsroll

Аз шаҳри Душанбе 5 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

vtem newsroll

НАВРӮЗ – МУЖДАЕ АЗ ОСОРИ КУҲАН. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашни бостонии миллати тоҷик ва эҳёву шукуҳи он дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

vtem newsroll

Тавсияҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон оид ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус

«ҲАМРОҲ БИХОНЕМ». Дар Суғд боз як китобхонаи замонавӣ таъсис ёфт

PDFПечатьE-mail

kitobkhona dar sogd-3Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд китобхонаи замонавӣ таъсис ёфт. Китобхонаи мазкур дорои 15 ҳазор китоб буда, 5 ҳазори онро асарҳои  бадеии бачагона ташкил медиҳанд. Аз ҷониби шарикони рушд дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» ба ин китобхона 1000 адад китобҳои бадеӣ дастрас карда шуд.

Тавре  аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар пояи китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд маҳфили «Китобхони беҳтарин» таъсис ёфта, хоҳишмандон метавонанд ба ин маҳфил шомил шаванд. Ҳадафи асосии маҳфил ба китобу китобхонӣ ҷалб намудани ҷавонону наврасон ва омода намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарпарастии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда мешавад.

Тавре аз низомномаи озмун бармеояд, он бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо),  калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) доир мегардад.

 Манбаъ: АМИТ «Ховар»

On-Line

01 02  03 04 

 

  

 

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

МО дар FACEBOOK

Back to Top