vtem newsroll

Дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид

vtem newsroll

Маҷмӯаи афсонаи мусаввари «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик» дар Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расид

vtem newsroll

Аз шаҳри Душанбе 5 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

vtem newsroll

НАВРӮЗ – МУЖДАЕ АЗ ОСОРИ КУҲАН. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашни бостонии миллати тоҷик ва эҳёву шукуҳи он дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

vtem newsroll

Тавсияҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон оид ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус

Пагоҳ дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» дар пойтахт баргузор мешавад

PDFПечатьE-mail

Gulhoi Dushanbe 011Пагоҳ, 4 апрел дар Боғи фарҳангиву  фароғатии ба номи С.Айнии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» дар пойтахт  барпо  мешавад. Барои муайян намудани ғолибони он ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфта,  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда  ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрӣ аз рӯи чор номинатсия 88  ҳазор  сомонӣ ҷудо  намудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои ғолиби ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10  ҳазор сомонӣ, барои ғолиби ҷойи дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7  ҳазор сомонӣ ва барои ғолиби ҷойи сеюми  «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ  муқаррар гардидааст».

Тибқи қарори дахлдор, ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмун дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкории пойтахт беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошударо  аз назар гузаронид ва пагоҳ дар маросими зикршуда ғолибони он  эълон мегарданд.

Ҷоизи тазаккур аст, ки комиссияи Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ соли 2019 боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониш, ба номи Алишери Навоӣ, ба номи Садриддин Айнӣ, «Кӯли ҷавонон», «Ирам», «Ҷавонон» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро барои иштироки фаъолонаашон дар озмуни «Сайри гули лола»  бо сипосномаи Кумитаи рушди маҳал сарфароз гардонида буд.

Хотиррасон мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018  давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  моҳи марти соли 2019  рамзи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо- «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида буд. Рамзи  мазкур  аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

On-Line

01 02  03 04 

 

  

 

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

МО дар FACEBOOK

Back to Top