Маҷмӯаи афсонаи мусаввари «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик» дар Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расид

PDFПечать

Kitob Temurmalik7 апрел дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маҷмӯаи афсонаи мусаввари «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик»-и нависандаи ҷавон ва рӯзноманигори тоҷик Таҳмина Убайдуллоева муаррифӣ карда мешавад.

Китоби мазкур дар яке аз нашриётҳои бонуфузи Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расидааст. Дар ин бора муаллиф ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба гуфтаи ин нависандаи ҷавон, маҷмӯаи мазкур аз ҷониби Кумитаи «Санъати афсонагӯӣ»-и Маркази фарҳангии Осиё бо забонҳои русӣ, англисӣ ва кореягӣ бо теъдоди 3000 нусха дар шаҳри Кванҷуи Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расидааст.

Маҷмӯа ба хонандагони хурдсол оид ба корнамоиҳои фарзанди далери халқи тоҷик – Темурмалик ҳикоят мекунад. Ороиши китоб аз ҷониби рассоми кореягӣ Ли Мёнай, ки барои тасвири он ба шаҳри Хуҷанд омада, бо таърихи муҳорибаҳои Темурмалик шинос гардида буд, анҷом пазируфтааст.

Гуфта мешавад, ки «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик» дар доираи лоиҳаи ҳамкории фарҳангии Кореяи Ҷанубӣ бо панҷ мамлакати Осиёи Марказӣ бо мақсади рушди санъати афсонагӯӣ ва шинос намудани кӯдакони кишварҳои гуногун бо асарҳои адибони хориҷӣ бо сифати баланд ба нашр расидааст.

Лоиҳаи ҳамкории фарҳангии Кореяи Ҷанубӣ аз соли 2010 инҷониб амалӣ шуда, қаблан дар доираи он китобҳои афсонаи адибони шинохтаи тоҷик, аз қабили  Садри Умар, Азизи Азиз, Гурез Сафар, Раҷабалӣ Қудратов ва Абдуғаффор Абдуҷаббор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва кореягӣ ба нашр расидаанд.

«Тавассути афсонаи мазкур кӯдакони кишварҳои гуногунро бо қаҳрамони таърихии халқи тоҷик -Темурмалик шинос кардан мехоҳам. Фикр мекунам, ки бо хондани афсонаи мазкур дар қалби хонандаи хурдсол ҳиссиёти ватандӯстӣ, садоқат ба миллат, шуҷоату далерӣ бедор хоҳад шуд»,- иброз дошт муаллифи китоб Таҳмина Убайдуллоева.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Back to Top