Аз шаҳри Душанбе 5 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

PDFПечать

Dushanbe Majlisi Milli 01Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон – интихобкунандагон номзадии Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ноҳияи Шоҳмансур, Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Одилбекова Лола Қиёмбековна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ноҳияи Сино ва Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамчун номзад пешниҳод гардидааст, ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе интихоб гардиданд.

Dushanbe Majlisi Milli 02

Дар ин бора имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, Иcмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино, ки оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе, №4 баргузор гардид, хабар дода шуд.

Дар интихобот аз 219 нафар вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 217 нафар ширкат варзиданд. Иҷлосияи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино номзадии панҷ нафар вакилони дар боло зикршударо ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ намуд.

Бо ҳамин ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе, №4 кори худро анҷом дод.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

Back to Top