«Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон китоби мусаввараҳои мамлакат бо се забон нашр гардид

PDFПечать

Kitobi-musavvaraho-Tochikiston 01Бахшида ба  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  китоби мусаввараҳо зери унвони «Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  нашр гардид.

Китоби мазкур бо ташаббуси Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ, ки аз 320 саҳифа иборат аст, бо теъдоди  1000  нусха рӯи чоп омад.

Ба гуфтаи масъулин, ҳадаф аз нашри китоб таракқӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ баҳри рушди соҳа дар мамлакат мебошад.

Китоб  муаррифи манзараҳои нотакрор ва  муъҷизаосои Тоҷикистон  буда, ёдгориҳои меъмории ниёгон, кӯҳу дараҳои зебоманзар, маҳсули ҳунари косибону ҳунармандони халқӣ, дастовардҳои фарҳангӣ, илмӣ ва варзишии ҷумҳуриро дар бар мегирад. Албом аз тасвирҳои муъҷаз ва матнҳои ҷолиби тасвирӣ иборат буда,  барои меҳмонони мамлакат, дӯстдорони сайру саёҳат, мухлисони анъанаҳои қадимии мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол армуғони  арзанда ба ҳисоб меравад.

Дар китоб расму тасвирҳои аксбардорони шинохтаи ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд, ки доираи васеи хонандагонро бо манзараҳои нотакрори мамлакат шинос месозанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Back to Top