vtem newsroll

Дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид

vtem newsroll

Маҷмӯаи афсонаи мусаввари «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик» дар Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расид

vtem newsroll

Аз шаҳри Душанбе 5 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

vtem newsroll

НАВРӮЗ – МУЖДАЕ АЗ ОСОРИ КУҲАН. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашни бостонии миллати тоҷик ва эҳёву шукуҳи он дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

vtem newsroll

Тавсияҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон оид ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус

«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври аввали ин озмуни ҷумҳуриявии моҳи май оғоз мешавад

PDFПечатьE-mail

Tochikiston-Vatani-azizi-manБо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷрои Амри Сарвари давлат тартиби баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» миёни гурӯҳҳои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии санъату фарҳанг ва композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, овозхонон, навозандагон, ҳунармандон дар соли 2020 ба тасвиб расид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иттилоъ дод.

Тибқи ҷадвали баргузорӣ, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз чор давр иборат мебошад.

Даври аввали озмуни мазкур аз моҳи май то июн дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, 13 шаҳру ноҳияҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва моҳи июн дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва  8 шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад.

Довталабон дар даври аввали озмун аз ҷониби гурӯҳи мутахассисони соҳаи фарҳанг ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян мегарданд. Ғолибон баъди баргузор шудани озмуни ноҳиявию шаҳрӣ ба даври дуюм пешбарӣ карда мешаванд

Макони баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад. Ҳамчунин масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба уҳдаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ (ноҳия, шаҳр, вилоят) мебошад. Ҷараёни баргузории тамоми даврҳои озмун тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос ва пахш карда мешавад.

Ғолибони даври якум ба даври дуюм ва ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳхат мегиранд.  Пайдарпайии баромади иштирокчиён тибқи қуръапартоӣ сурат мегирад.

Тавре дар Низомномаи озмун омадааст, он аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

—  номинатсияи композиторӣ (оҳангсозӣ);

—  номинатсияи сарояндагӣ;

—  номинатсияи навозандагӣ.

Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ  мебошад.

Дар номинатсияи  композиторӣ (оҳангсоз) танҳо шахсони дорои маълумоти миёнаи ибтидоии махсус, миёнаи махсус ва олии  мусиқии касбӣ иштирок мекунанд. Дар он наврасони бахши таълимии назди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон низ иштирок карда метавонанд. Ба озмун асарҳое пешниҳод мегарданд, ки фарогири мавзӯи зебоиҳои табиати Тоҷикистон, васфи Ватану ватандӯстӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқу ҷавонӣ, ғояҳои Истиқлолияту Озодӣ ва об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт бошанд.

Дар номинатсияи сарояндагӣ  — маҳорати  баланди касбӣ, интихоби муносиби шеъру суруд, мазмуну мундариҷа, риояи савтиёти тоҷиконаи талаффуз, хушовозӣ, лаҳни баён,  диапазони овоз, тақсимбандии дурусти ҳиҷоҳо, талаффузи бурро, саҳназебии сароянда, либоси саҳнавӣ, этика ва ҳаракати саҳнавӣ, ҷалби шунаванда ва самимияти сарояндагӣ ба назар гирифта мешаванд.

Дар номинатсияи навозанда — интихоби асари мусиқӣ, мазмун ва мундариҷа, хушсадоӣ, техникаи садобарорӣ, дилнишинии сабки навозандагӣ, этикаи саҳнавӣ, симои зоҳирӣ, эҳсосоти зарбию оҳангӣ, самимияти навозандагӣ, маҳорати касбӣ ва  сабки навозиш мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд.

Дар се номинатсия иштирокчиён дар навбати худ ба гурӯҳҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ ҷудо мешаванд, ки ҳар яки он дорои талаботи махсуси худ мебошад.

Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки «озмун баҳри тарғиби санъати асил,  боз ҳам ғанитар гардонидани фазои  маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик  равона гардидааст».

Ба зикри номбурда, ҳадафи асосии озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳо мебошад.

Дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат бори дуюм аст, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегарданд. Дар ин рӯзҳо дар тамоми муассисаҳои соҳаи санъат ва китобхонаҳо омодагӣ ба ин озмунҳо дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Ин шаҳодати он аст, ки мардуми фарҳангпарвару санъатдӯсти тоҷик соҳиби истеъдодҳои беназир мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

On-Line

01 02  03 04 

 

  

 

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

МО дар FACEBOOK

Back to Top