«БАЧАИ ОБӢ». Ин филми навест, ки «Тоҷикфилм» банаворгирии онро рӯзҳои наздик ба анҷом мерасонад

PDFПечать

Film Bachai ObiМуассисаи давлатии «Тоҷикфилм» банаворгирии филми наверо бо номи  «Бачаи обӣ» ба анҷом расонида  истодааст, ки нақши асосиро дар он  ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистон Убайдулло Амон мебозад. Дар ин бора коргардони филми мазкур Файзулло Файз ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Мавсуф иброз намуд, ки ҳунарманди маъруфи ӯзбек Убайдулло Амон бо даъвати Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар филми мазкур образи бобои Баракатро иҷро менамояд.

Убайдулло Амон зимни  суҳбат  иброз намуд, ки ӯ дар филмҳои истеҳсоли Россия нақши террористро мебозад ва дар филмҳои ӯзбекӣ нақши падари меҳрубонро иҷро мекунад. Филми «Бачаи обӣ» аз нигоҳи жанр барои Убайдулло Амон куллан сабку образи нав буд. Коргардон Файзулло Файз барои боз кардани паҳлуҳои зиёди ин образ бо ӯ мулоқоти зиёд анҷом додааст.

Бояд зикр кард, ки Убайдулло Амон дар филм бо забони ноби тоҷикӣ сухан мегӯяд ва ба таъкиди худаш, вай тоҷики бухороӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал барои сабти филм деҳае дар паҳлӯи «Баҳри Тоҷик» сохта шуд.

Филми «Бачаи обӣ»-и коргардони ҷавон Файзулло Файз дар ҳоли анҷом қарор дошта, рӯзҳои наздик манзури ҳаводорон мегардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Back to Top