Пагоҳ иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад

PDFПечать

Dastgoh 01

Пагоҳ, 13 марти соли 2020  иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир мешавад. Ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур  як қатор масъалаҳо ворид гардидааст. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тавсиб расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  вакилон  масъалаҳоро “Дар бораи тасдиқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе”, “Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе”, “Дар бораи таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, интихоби раис ва аъзои онҳо”, “Дар бораи таъсиси комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе”, “Дар бораи таъсиси комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва “ Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Back to Top