РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Ба ин муносибат дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барномаи идонаи фарҳангӣ доир мешавад

PDFПечать

Ruzi-matbuoti-tochikПагоҳ, соати 16:00, дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик бо баргузории барномаи идонаи фарҳангӣ таҷлил мегардад.

Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дониста мешавад. Зеро таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.

Таҷлили ин сана дар ҷумҳурӣ аз соли 1994 ба расмият даромадааст. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби  болоравии огаҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии кишварҳо мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ иброз доштанд, ки «имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».

Рӯзи матбуоти тоҷик  ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд,  иртибот дорад. Ҳамасола  ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма,   матбуот ва табъу нашр  таҷлил  карда мешавад. Барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, аз ҷумла Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким саҳм гирифтанд.

Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд». Ҳамчунин рӯзномаи мазкур барои вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт. Вале, ин рӯзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард ва баъди нашри шумораи 153-юм- 2 январи соли 1913 баста шуд. «Бухорои Шариф» чун нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо фаъолияти кӯтоҳ, вале пурсамараш таъсиру такони бузурге ба сиёсату иҷтимоии замон ва афкору ҷаҳонбинии мардум бахшид. Ҳамчунин сарчашмаи огаҳию маърифат ва муаррифии миллат буда, дар ҳаёту зиндагӣ ва тақдири халқу кишварҳо нақши муҳим мебозад.

Рӯзномаву маҷалла аз оғози фаъолият то ба имрӯз барои пешравии ҷомеа, фаъолияти хуби мақомоту муассисаҳо ва таҳким бахшидани давлатдорию  пешравии мамлакат нақши босазо бозидааст. Дар ин росто, нақши рӯзномаву маҷаллаҳо, ки дар саҳифаҳояшон воқеоту рӯйдодҳо, мавзӯъҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва ҷаҳонро дар қолаби жанрҳои хабару гузориш, мақолаю мусоҳиба, очерку лавҳа, памфлету фелетон, тақриз ва ғайра инъикос месозанд, хеле  назаррас аст. Дар замони  соҳибистиқлолӣ  теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо аҳдофи неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу тадбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлолияти воқеии мамлакат, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватани маҳбубамон саҳми назаррас гузоштанд.

Ҳукумати мамлакат ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмати рӯзноманигоронро қардрдонӣ намуда, ҳар сол дар рӯзи иди касбиашон онҳоро бо унвонҳо сарфароз мегардонанд.

Ҳамчунин пагоҳ зимни барномаи идона як зумра рӯзноманигорон бо унвони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳо қардонӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки ба муносибати Рӯзи матбуот ба ҷуз аз  барномаи фарҳангӣ ҳамчунин дар саҳни театр намоиши китоб ва ҳунарҳои мардумӣ манзури тамошобинон гардонида мешаванд.

 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Back to Top