vtem newsroll

Дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид

vtem newsroll

Маҷмӯаи афсонаи мусаввари «Қаҳрамони абадӣ-Темурмалик» дар Кореяи Ҷанубӣ ба табъ расид

vtem newsroll

Аз шаҳри Душанбе 5 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

vtem newsroll

НАВРӮЗ – МУЖДАЕ АЗ ОСОРИ КУҲАН. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашни бостонии миллати тоҷик ва эҳёву шукуҳи он дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

vtem newsroll

Тавсияҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон оид ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус

Дар маҳфили «Ахтари ҳунар» аз мутриб ва сарояндаи мумтози тоҷик Акашариф Ҷӯраев ёдоварӣ карданд

PDFПечатьE-mail

Бахшида ба гиромидошти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо иштироки олимону муҳаққиқон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайвандони Акашариф Ҷӯраев маҳфили фарҳангию бадеии «Ахтари ҳунар» баргузор гардид.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода зикр намуд, ки “мутриб ва сарояндаи мумтози мардумӣ шодравон Акашариф Ҷӯраев тавонист мусиқии миллии тоҷикиро бо хусусиятҳои ба худ хос дар Тоҷикистон ва берун аз он муаррифӣ намояд. Акашариф Ҷӯраев ҳамчун сарояндаи касбӣ бидуни маълумоти тахассусӣ ва қобилияти навиштан дар дили мардум ҷой гирифтааст. Имрӯз садои нотакрори ӯро на танҳо мардуми мо, ҳатто берун аз марзи Ватан низ мешунаванду лаззат мебаранд. Машҳуртарин сурудҳои ӯ «Чорзарб», «Менолад дилам», «Қалъабандӣ», «Аз дараи Камароб», «Ҷон додаракам» мебошанд, ки ҳанӯз ҳам мавқеи худро дар миёни ҷомеа гум накардаанд. Аммо боиси таассуф аст, ки вақте ба сарчашмаҳои адабӣ назар медӯзем, фаъолияти касбии Акашариф Ҷӯраев хеле кам мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтааст. Ҳарчанд имрӯз дар Тоҷикистон мактаби эҷодии ӯ амал мекунад ва мутахассисони касбӣ дар ин самт омода гардида истодаанд, ин ҳанӯз ҳам кам аст”.
-Ҳоло Бунёди байналмилалии Акашариф Ҷӯраев аз фаъолият мондааст,- зикр дошт директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода ва илова намуд, ки муҳаққиқонро зарур аст барои анҷом додани пажӯҳишҳои илмӣ роҷеъ ба фаъолияти касбии ин устоди санъати миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд, зеро ба гуфтаи мавсуф, таҳлили фаъолият ва ҳунари волои чунин санъаткорони миллӣ, муаррифӣ ва ёдоварӣ аз хидматҳои шоёни онҳо барои насли ҷавону навраси мо дарси ибрат аст.

Дар ҳамоиш маърӯзакунандагон аз саҳм ва нақши Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев дар мусиқии миллӣ ёдовар шуда, зикр намуданд, ки баргузории ин гуна маҳфилҳои гуногуни адабиву фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҷомеа, донишмандону мутафаккирону ихлосмандон моро бо асолати қадимии хеш аз наздик шинос месозад. Чунин иқдом аз азал миллати бонангу номусу адабпарвару эҷодкор будани тоҷиконро барои насли имрӯзу фардо ва ҷаҳониён наздику равшан муаррифӣ менамояд.

Зимни маҳфил директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, номзади илми санъатшиносӣ Кароматулло Раҳимов, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Ҷӯрабек Назрӣ аз фаъолият ва ҳунари нотакрори Акашариф Ҷӯраев ёдоварӣ намуданд.

Сипас устодони санъати тоҷик- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев, роҳбари бадеии Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Саидов, пайрави мактаби ҳунарии Акашариф Ҷӯраев- Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Исмоил Назрӣ бо шогирдон сурудхонӣ намуда, хотири ҳозиринро шод намуданд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

On-Line

01 02  03 04 

 

  

 

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

МО дар FACEBOOK

Back to Top