«Забони модариро пос дорем»-таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир гардид

PDFПечать

Zaboni modariro pos dorem21.02.2020. Имрӯз дар Донишгоҳи  давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҳти  унвони «Забони модариро пос дорем» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир гардид.

Зимни он ректори  Донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ оид ба ҳифзи забонҳои модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди забони модарӣ ибрози назар  намуд.

Профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи мазкур Саидмуроди Хоҷазод оид ба «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди забони миллӣ» маърӯза намуд. Мавсуф зикр намуд, ки  «ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ диққати калон медиҳад. Омӯзиши забони тоҷикӣ дар 13 факултети донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Омӯзиши забони тоҷикӣ дар муассисаҳои олии мамлакат ҷавобгӯи талаботи замон мебошад. Барномаҳои таълимӣ, комплексҳои методӣ- таълимӣ, китобу воситаҳои таълимӣ барои омӯзандагони забони тоҷикӣ комилан фароҳам аст».

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон 26 декабри соли 2019 иброз намуданд, «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем».

Дар ҷамъбасти ҳамоиши илмӣ аз ҷониби донишҷӯён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ, фаронсавӣ, куриёӣ, вахонӣ ва шуғнонӣ пораҳои шеърӣ қироат шуданд.

 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Back to Top