Собиқадорони Тоҷикистон дар паради Ғалаба дар шаҳри Москва иштирок мекунанд

PDFПечать

Sobikadori JBV Mirzo-BekmatovСе собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон — Мирзо Бегматов, Шариф Ғафуров ва Назар Ашуров бо даъвати Ҳукумати Федератсияи Россия дар тантанаҳои идона бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Москва ширкат мекунанд, хабар медиҳад Sputnik.

Дар хабари Агентии иттилоотии Россия инчунин гуфта шудааст, ки собиқадорони ҷанг Мирзо Бегматов ва Шариф Ғафуров ҳамроҳ бо писарони худ ба пойтахти Россия меоянд. Ба собиқадор Назар Ашуров наберааш кумак мекунад.

Тавре қаблан хабар дода будем, дар паради Ғалаба, ки дар майдони Сурх баргузор мешавад, хизматчиёни низомӣ аз Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Боз як ротаи муттаҳидаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар паради ҳарбии Ғалаба, ки 9 май дар Екатеринбург баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

 

ДАР СУРАТ: собиқадори Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, иштирокчии амалиёти машҳури “Багратион” барои озодкунии Беларус Мирзо Бекматов.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Back to Top