Артиши миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи пурқувваттарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа ҳисобида мешавад

PDFПечать

Ruzi-artishi-milli-5Тибқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа, Артиши миллии Тоҷикистон бинобар ҷангдида ва корозмуда будан яке аз пурқувваттарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа ҳисобида мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 23 феврал Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, имсол ба ин санаи муҳим 27 сол пур мешавад. 

Тавре  корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҳусайнӣ зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  давлатро бе таърих, фарҳанг ва Артиши миллӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аз лаҳзае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналмилалӣ эълом намуд, аввалин коре, ки ба анҷом расонид, ин таъсиси Артиши миллӣ  буд.

«Артиши миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила қавитар гардида, бо дастгириҳои Сарфармондеҳи  Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо техникаву таҷҳизоти замони муосир таъмин шуд. Имрӯз тамоми шароити арзанда дар ин самт муҳайё буда, ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок, ватандӯсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ сарбаландона адои хизмат  менамоянд», — гуфт номбурда.

Ба зикри  Саодат Ҳусайнӣ, агар имрӯз яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб равад, пас яке аз самтҳои афзалиятноки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин самти ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии насли наврасу ҷавон ба шумор меравад. Аз ин рӯ  Кумита ҳамасола ҳамкории судманд ва нақшаи чорабиниҳои муштаракро бо сохторҳои қудратию низомии мамлакат  таҳия намуда, дар доираи «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»  ҳамоишҳои гуногун баргузор менамояд.

 

Дар  доираи баргузории  ин гуна барномаҳо  18 феврал бо ташаббуси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» баргузор гардид, ки дар он  афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди пойтахт иштирок намуданд. Фестивали мазкур ҳамасола дар ҷумҳурӣ доир шуда, мақсад аз он,  пеш аз ҳама, ҳавасманд намудани сарбозону афсарон ва ҷалби наврасону ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Зеро ояндаи давлату миллат дар дасти насли ҷавон буда, хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист.

Имрӯз ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва барномаҳои варзишӣ доир карда мешаванд. Инчунин барои ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудани ҷавонон Кумита иқдом гирифтааст, ки дар қисмҳои ҳарбӣ рӯзи дарҳои кушод ва саёҳати хонандагони синфҳои болоиро роҳандозӣ намояд. Зеро ин сабаб мегардад, ки насли ҷавони мамлакат барои дар оянда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳ шудан пурра омода шавад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, имрӯз тамоми шароит дар қисмҳои низомӣ мавҷуд буда,  ҷавононе, ки бо хоҳиши худ хизмати ҳарбиро ба ҷо меоранд,  аз як зумра имтиёзҳо, аз ҷумла  омӯзиши курсҳои ройгон, хусусан ронандагӣ бархурдор мешаванд.  Инчунин баъд аз  анҷоми хизмати ҳарбӣ ҳангоми дохил шудан ба донишгоҳу донишкада ва иштирок дар озмунҳои ҷои кор ба онҳо холҳои иловагӣ дода мешаванд.

«Бояд зикр намуд, ки дар ҳама давру замон тараққиёт ва рушду нумуи ҳар давлату миллат маҳз аз ҷавонони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар вобастагии зиёд дорад. Аз ин хотир бо ифтихормандии зиёд  метавон гуфт, ки  имрӯз ҷавонони мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ҳамарӯза нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеаи кунунии мо баланд мегардад.

Имрӯз  ифтихор аз он дорем, ки маҳз насли ҷавони  мо нигоҳдорандаи Артиши миллӣ буда, марзу буми мамлакатро софдилона нигоҳубин менамоянд. Сол аз сол сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Back to Top